Аксияи экологӣ таҳти унвони «Ба гузаштагони худ арҷ мегузорем»

 30.04.2022

Субҳи рӯзи 30.04.2022 бо ташаббуси бевоситаи Асоев Комрон - мудири шуъбаи кор бо ҷавонони Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С.Осимӣ дар оромгоҳи Лучоб аксияи экологӣ таҳти унвони «Ба гузаштагони худ арҷ мегузорем» баргузор гардид.

Дар аксия зиёда аз 80 нафар донишҷӯён - волонтёрони шуъбаи кор бо ҷавонон иштирок карда, масоҳати калони оромгоҳро ба пуррагӣ тоза намуданд.
Инчунин, дар рафти аксияи экологӣ майдонча ва роҳравҳои қабри як қатор арбобони илму техника, фарҳанг ва санъат, ходимони намоёни давлативу сиёсӣ аз алафҳои бегона ва дигар ашёҳо тоза карда шуданд.
Иқдоми шуъбаи кор ҷавонон вобаста ба баргузории аксияҳои экологӣ, ки бо дастгирии бевоситаи ректори донишгоҳ ба амал бароварда мешавад, минбаъд низ роҳандозӣ мегарданд.
Боиси қайд аст, ки дар қатори ҳазорон ҷавонони ҷумҳурии азизамон ҷавонони Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С. Осимӣ, шуъбаи кор бо ҷавонон ва мудири шуъба - Асоев К. бо масъулияти баланд ва ҳисси ватандӯстию хештаншиносӣ дар тамоми чорабиниҳои сатҳи ҷумҳуриявию шаҳрӣ иштироки фаъолона доранд.
279320860_7795061117185549_8902829636114634445_n279258525_7795056600519334_5738492384230686375_n279273111_7795053183853009_2686511208028526635_n279608672_7795061517185509_8249469894751529996_n279557476_7795060660518928_5179642718965898022_n279487495_7795055713852756_5316830356594652051_n279464976_7795056100519384_3801724313614384999_n279387819_7795051113853216_4663859533397786499_n279401813_7795052393853088_6195107884597362421_n279330358_7795050383853289_1271492331870402799_n279311565_7795051723853155_2187328129742892253_n
Шуъбаи иттилоот ва робита бо ҷомеа.

Ба рӯйхат

Ҳамкориҳо