ГУСЕЛИ ИХТИЁРИЁН БА САФИ ҚУВВАҲОИ МУСАЛЛАҲ

 29.04.2022

Имрӯз - 29-уми апрели соли 2022 19 нафар донишҷӯёни Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С. Осимӣ ба сафи Қувваҳои мусаллаҳи ҷумҳурӣ ба таври ихтиёрӣ сафарбар гардиданд.

Дар маросими гусели наваскарон волидони онҳо, роҳбарияти донишгоҳ намояндагони Вазорати мудофиа ва комиссариатҳои ҳарбии ноҳияҳои шаҳри Душанбе иштирок доштанд.

Ибтидо ҷаласаи донишгоҳӣ баргузор гардида, дар он тамоми ҳуҷҷатҳои зарурии хатми донишҷӯён аз донишгоҳ, расмиёти пас аз супоридани имтиҳоноти давлатӣ ва хатми бакалавриат, ки аз ҷониби донишгоҳ бо супориши Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии тоҷикистон пеш аз муҳлат ташкил гардида буданд, доир карда шуд.

Пас аз ҷаласаи ифтихормандона наваскарон ба комиссариати ҳарбӣ гуселонида шуданд.

Боиси қайд ва ифтихор аст, ки ду рӯз пеш 16 нафари дигар низ аз кимиссияи тиббӣ гузаронида шуда, бо ҳисси баланди ватандӯстӣ ба сафи Артиши миллӣ гуселонида шуда буданд.

Боиси дастгирӣ ва зикр аст, ки донишҷӯёни Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С. Осимӣ, ки кафедраи ҳарбиро хатм намудаанд ва мувофиқи тадбирҳои имрӯза ба сафи Қувваҳои мусаллаҳ пайвастаанд, хизмати яксоларо адо менамоянд ва ҳангоми хизмат ба вазифаҳои гуногуни звеноҳои поёнии қисми ҳарбӣ таъйин мегарданд. Пас аз хатми хизмати ҳарбӣ ба онҳо рутбаҳои лейтенанти хурд дода мешавад, ки онҳо оянда бемалол дар муассисаву вазоратҳои сохтори қудратӣ ва давлатӣ бемалол бо кору фаъолият фаро гирифта мешаванд. Инчунин пас аз адои хизмати ҳарбӣ онҳо сари вақт ба магистратураи донишгоҳ дохил шуда, таҳсили худро давом хоҳанд дод.

Ин маърака давом дорад ва раёсати ДТТ ба номи академик М.С. Осимӣ тамоми имкониятҳо ва кумакҳои заруриро дар ин роҳ ҳам ба хатмкунандагон ва ҳам ба сохтори дахлдори давлатӣ хоҳад расонид.

IMG_2194IMG_2191IMG_2195IMG_2207IMG_2228

Шуъбаи иттилоот ва робита бо ҷомеа.


Ба рӯйхат

Ҳамкориҳо