Мулоқоти фосилавӣ бо роҳбарияти Донишгоҳи давлатии техникии Воронеж

 20.05.2021

Дар доираи ташрифи намояндагони муассисаҳои олии таълимии Федератсияи Русия ба Ҷумҳурии Тоҷикистон санаи 18 майи соли равон мулоқоти ректори донишгоҳ, профессор Давлатзода Қудрат Қамбар бо муовини ректор оид ба илми Донишгоҳи давлатии техникии Воронеж баргузор гардид.

Зимни мулоқот масъалаҳои марбут ба ҳамкориҳои дуҷониба дар самти фаъолияти илмӣ-тадқиқотӣ мавриди баррасӣ қарор гирифт.

Ҷонибҳо изҳор доштанд, ки ҷиҳати тақвияти фаъолият дар самтҳои фарогири ҳамкориҳо дуҷониба шароит мусоид фароҳам оварда, сифати ҳамкориҳоро ба сатҳи сифатан нав бароранд.

 


Ба рӯйхат

Ҳамкориҳо