Мулоқоти донишҷӯён бо раиси Шӯрои директорони «AVAS Group»

 27.04.2022

Дар дафтари ширкати «AVAS Group» дар доираи барномаи дастгирии мутахассисон мулоқоти донишҷӯёни Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С.Осимӣ бо раиси шурои директорони «AVAS Group» Азим Ҳакимов баргузор гардид.
Дар рафти мулоқот иштирокчиён доир ба дастовардҳо дар раванди таълим ва имконияти таъминот бо ҷойи кор суҳбат анҷом доданд. Зикр гардид, ки нақши барномаи дастгирии донишҷӯён дар омода намудани мутахассисони баландихтисос аҳамиятнок мебошад.
Авазгрупп
Шуъбаи иттилоот ва робита бо ҷомеа.

Ба рӯйхат

Ҳамкориҳо