Аксияи эҷодӣ дар майдони Дӯстӣ

 25.04.2022

Субҳи 23-юми апрели соли равон дар доираи ташаббуси ректори Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С.Осимӣ вобаста ба баргузории дарсҳои амалии донишҷӯёни равияи меъморӣ ва дизайни муҳити меъморӣ дар майдони Дӯстии пойтахт аксияи эҷодӣ баргузор гардид.

Дар аксияи эҷодӣ устодон ва донишҷӯёни кафедраи дизайни муҳити меъморӣ ва тармим ва меъморӣ ва шаҳрсозӣ иштирок карда, манзараҳои зебои пойтахт ва бинову иншоотҳои ҳудуди майдони Дӯстиро тасвир карданд.
Расмҳои тасвиршуда дар боғҳои пойтахт ва намоишгоҳҳои донишгоҳ намоиш дода мешаванд.
Дар аксияи эҷодии имрӯза ректори Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С.Осимӣ Давлатзода Қудрат Қамбар иштирок намуда, ба сатҳи касбияти устодону донишҷӯёни факултети сохтмон ва меъморӣ баҳои баланд доданд.
Зикр карда шуд, ки супориши ректор вобаста ба баргузории аксҳои эҷодӣ дар майдону боғҳо ва гулгаштҳои шаҳри Душанбе дар сатҳи зарурӣ татбиқ шуда, ин иқдом ба раванди таълими донишҷӯёни кафедраҳои дизайни муҳити меъморӣ ва тармим ва меъморӣ ва шаҳрсозӣ таъсири мусбат расонида истодааст.
Инчунин, қайд шуд, ки аксияҳои эҷодӣ дар тарғиби фарҳанги миллӣ ва ҳисси зебоипарастӣ миёни сокинони пойтахт нақши намоён бозида, дар муддати кутоҳ ба қатори чорабиниҳои оммавӣ дохил гардиданд, ки дар онҳо шумораи зиёди сокинон иштирок мекунанд.
279263477_7768142609877400_831266913304325449_n279104761_7768142919877369_1868905328683966294_n279093359_7768142133210781_5605447945485535529_n278970673_7768143509877310_3728166834128858831_n278973206_7768143669877294_6200485201236109148_n278912932_7768143809877280_7953834825329276202_n278977912_7768141893210805_4672772021518958196_n278971061_7768142769877384_8444584127496372711_n278941528_7768143916543936_5465726416295134106_n
Шуъбаи иттилоот ва робита бо ҷомеа.

Ба рӯйхат

Ҳамкориҳо