Тибқи супориши ректори Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С.Осимӣ бо иштироки намояндагони шуъбаи ташкилӣ-тарбиявӣ, садорат ва донишҷӯёни факултети технологияҳои инноватсионӣ ва дар ҳамкорӣ бо шуъбаи ободонӣ ва кабудизоркунии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе дар ҳудуди бинои асосии донишгоҳ ва атрофи майдони 800-солагии Москва шанбегӣ ва аксияи экологӣ баргузор гардид.
Дар ҷараёни шанбегӣ ва аксияи экологӣ масоҳати калони замини минтақаҳои болозикр нарм карда шуда, шумораи зиёди гулҳо шинонида шуд.
Боиси тазаккур аст, ки дар доираи иқдомҳои Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ Раёсати Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С.Осимӣ дар минтақаҳои гуногуни пойтахт пайваста шанбегӣ ва аксияҳои экологӣ баргузор менамояд.
Шуъбаи иттилоот ва робита бо ҷомеа.