Шанбегӣ дар Литсейи техникӣ

 23.04.2022

Имрӯз дар ҳавлии Литсейи техникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С. Осимӣ дар доираи сарсабзгардонии пойтахти кишвар - шаҳри Душанбе ва ободони кӯчаву хиёбонҳои он шанбегӣ доир гардид. Дар ин чорабинӣ тамоми омӯзгорон ва кормандони Литсейи техникӣ бо роҳбарии директори литсей - Назарова С. бо тозакунии ҷӯйҳо, нармкунии зери дарахтон, шинонидани гулҳо ва ғайраҳо машғул шуданд.

Боиси дастгирист, ки Литсейи техникӣ ҳамчун зеросохтори донишгоҳ тамоми ташаббусҳои донишгоҳро дастгирӣ намуда, барои омодасозии кадрҳои баландихтисоси техникӣ саҳмгузор аст.

изображение_viber_2022-04-22_17-07-43-395изображение_viber_2022-04-22_17-07-45-629изображение_viber_2022-04-22_17-07-44-445

Шуъбаи иттилоот ва робита бо ҷомеа.


Ба рӯйхат

Ҳамкориҳо