Мулоқот бо намояндагони Донишгоҳи давлатии техникии Уляновск

 20.05.2021

Санаи 18 майи соли ҷорӣ мулоқоти ректори донишгоҳ, профессор Давлатзода Қудрат Қамбар бо намояндаи Донишгоҳи давлатии техникии Уляновск баргузор гардид.

Зимни мулоқот вазъи ҳамкориҳои дуҷониба муҳокима шуда, доир ба масоили фарогир дар самти фаъолияти илмӣ-тадқиқотӣ, таълимӣ ва дар умум ҳамкориҳои дуҷониба табодули андеша карда шуд.

Ҷонибҳо тасмим гирифтанд, ки дар оянда барои вусъат бахшидани ҳамкориҳо чораҳои зарурӣ андешанд.

 


Ба рӯйхат

Ҳамкориҳо