Конференсияи ҷумҳуриявии илмӣ-назариявӣ дар мавзӯи «Рушд ва дурнамои илм дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон»

 22.04.2022

21-уми апрели соли ҷорӣ дар Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С. Осимӣ бо ташаббуси Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи илми тоҷик конфренсияи илмӣ-назариявӣ дар мавзӯи «Рушд ва дурнамои илм дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбии ҷумҳурӣ» баргузор гардид.
Дар кори конференсия вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳимҷон Саидзода, муовини якуми вазири маориф ва илм Ҷамшед Ҷӯразода, ректорон, омӯзгорон ва донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ иштирок намуданд.
Конференсияи мазкурро муовини якуми вазири маориф ва илм Ҷамшед Ҷӯразода ифтитоҳ намуда, иштирокдоронро бахшида ба Рӯзи илми тоҷик табрику таҳният гуфт.
Сипас, вазири маориф ва илм Раҳимҷон Саидзода зимни суханронии худ зикр кард, ки бо ташаббус ва ҳидоятҳои маорифпарваронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар кишварамон ҳамасола озмунҳои ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст», «Илм - фурӯғи маърифат» ва «Тоҷикистон - Ватани азизи ман» баргузор мегарданд, ки дар онҳо теъдоди зиёди хонандагону донишҷӯён, магистрантону докторантон, омӯзгорон ва намояндагони дигар касбу кор ширкат меварзанд.
Сипас, Абдулло Мамадамон Абдураҳмонбек - муовини ректор оид ба илм ва инноватсия Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С.Осимӣ дар мавзӯи «Усулҳои инноватсионии таълим ва фаъолияти илмӣ дар мактабҳои олӣ” ва Акобир Мирзораҳимов - муовини ректор оид ба илм ва инноватсияи Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи С.Айнӣ дар мавзӯи «Вазъи омода намудани кадрҳои илмӣ-педагогӣ ва дурнамои рушди илм дар Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи С. Айнӣ» суханронӣ намуданд.
Дар фарҷоми чорабинӣ, вазири маориф ва илм ба ғолибони озмуни ҷумҳуриявии «Донишҷӯ ва пешрафти илму техника» диплом ва дигар туҳфаҳои созмондодаи кумитаи тадорукотро тақдим намуд.
278985314_7754600181231643_7588795128235004526_n278922679_7754600404564954_468947659733675439_n278904768_7754605277897800_6710867609089689893_n278888593_7754602891231372_4711863751613441241_n278808692_7754602011231460_2364046346676228193_n278864543_7754605997897728_6231715037333920275_n278848837_7754601287898199_108568024088192356_n278793332_7754602431231418_1413130403563877487_n278726415_7754601061231555_8823794608660373089_n
Шуъбаи иттилоот ва робита бо ҷомеа.

Ба рӯйхат

Ҳамкориҳо