Мулоқот бо намояндагони Донишгоҳи давлатии техникии Воронеж

 20.05.2021

Санаи 18 майи соли ҷорӣ мулоқоти ректори донишгоҳ, профессор Давлатзода Қудрат Қамбар бо намояндагони Донишгоҳи давлатии техникии Воронеж баргузор гардид.

Дар мулоқот масъалаҳои марбут ба ҳамкориҳои дуҷониба, аз ҷумла тақвияти фаъолият дар самти табодули донишҷӯён ва саҳмгузории тарафайн дар рушди корҳои илмӣ-тадқиқотӣ, махсусан нашри мақолаҳои илмӣ дар маҷаллаҳои дахлдор мавриди баррасӣ қарор гирифт.

Зимнан, тасмим гирифта шуд, ки нақшаи чорабиниҳо ҷиҳати рушди ҳамкориҳои мутақобилан судманд тартиб дода шуда, дар замони наздик қабул ва тасдиқ карда шавад.


Ба рӯйхат

Ҳамкориҳо