Ҷаласаи гурӯҳи корӣ оид ба татбиқи лоиҳаи DigEco

 15.04.2022

Рӯзи 13 апрел ҷаласаи гурӯҳи корӣ оид ба татбиқи лоиҳаи DigEco баргузор гардид.
Дар ҷаласа аъзоёни гурӯҳи корӣ вобаста ба самтҳои фаъолияти худ ҳисобот дода, татбиқи як қатор масъалаҳои навро баррасӣ карданд.
Диққати махсус ба корҳои илмӣ-методӣ, махсусан омода кардани китобҳои дарсӣ, маводҳои таълимӣ ва илмӣ вобаста ба рақамикунонии иқтисод зоҳир карда шуд. Масъулин барои дар сатҳи зарурӣ ба роҳ мондани фаъолият дар самтҳои болозикр гурӯҳҳои ҳадафманд ташкил карда, барои ҳалли мушкилотҳои ҷойдошта чораандешӣ намуданд.
Инчунин, зимни баргузории ҷаласа таъкид гардид, ки барои паҳн кардани маълумот доир ба раванди татбиқи лоиҳаи DigEco тавассути васоити ахбори омма бояд тадбирҳои зарурӣ роҳандозӣ карда шаванд.
278277245_7720459211312407_6097924014815733840_n278312091_7720460747978920_2718383276288054316_n278327906_7720459807979014_762383264114761792_n278372152_7720460991312229_5952967098441879338_n278437530_7720459424645719_4633612687111237554_n
Шуъбаи иттилоот ва робита бо ҷомеа.

Ба рӯйхат

Ҳамкориҳо