Рақамисозии иқтисодиёт ҳамчун унсури рушди устувор

 13.04.2022

Имрӯз 13 апрели соли 2022 дар доираи лоиҳаи DigEco мизи мудаввар дар мавзӯи «Рақамисозии иқтисодиёт ҳамчун унсури рушди устувор» баргузор гардид.
Дар мизи мудаввар роҳбарият ва аъзоёни Ҷамъияти илмии донишҷӯён иштирок намуданд.
Зимни чорабинӣ иштирокчиён доир ба нақши рақамисозии иқтисодиёт дар энергетика, саноат ва сохтмон, пешбурди корҳои илмӣ-тадқиқотии донишҷӯён ва татбиқи онҳо тавассути технологияҳои навини рақамӣ дар иқтисодиёт суханронӣ намуданд. Инчунин, дар рафти мизи мудаввар ба масъалаи саводнокии молиявӣ ва истифодаи технологияҳои муосир дар раванди таълим диққати махсус зоҳир гардид.
Таъкид карда шуд, ки баргузории чунин чорабиниҳо миёни донишҷӯёни донишгоҳ манфиатовар буда, барои мукаммал кардани дониш ва малакаи донишҷӯён нақши намоён мебозад.
IMG_0770IMG_0783IMG_0784IMG_0788
Шуъбаи иттилоот ва робита бо ҷомеа.

Ба рӯйхат

Ҳамкориҳо