ИШТИРОКИ ФАЪОЛОНАИ ДОНИШГОҲ ДАР РӮЗИ ДАВИ МИЛЛӢ

 17.05.2021

Дирӯз - 16-уми майи соли равон коллективи устодон ва донишҷӯёни ДТТ ба номи академик М.С. Осимӣ дар маросими Рӯзи дави миллӣ фаъолона ширкат намуданд. Чорабинӣ субҳи барвақт дар минтақаи Чорбоғ, вокеъ дар қимати шимолии пойтахт оғоз ёфта, аз он ҷо масофаи дав то ба Наврӯзгоҳ муайян карда шуда буд, ки чандин нафар устодону донишҷӯён бо завқи баланд, ҷонибдорӣ аз ҳаёти солим ва тансиҳатӣ дар ин масофаҳо давиданд.

боиси зикр аст, ки ҳамасола дар ниммарафон бахшида ба Рӯзи пойтахт ва Рӯзи дави миллӣ коллективи устодону донишҷӯёни донишгоҳ фаъолона ширкат меварзанд.

Шуъбаи иттилоот ва робита бо ҷомеа.


Ба рӯйхат

Ҳамкориҳо