Ҷаласаи кории назди вазири маориф ва илм бо иштироки намояндагони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ

 11.04.2022

9-уми апрели соли ҷорӣ дар маҷлисгоҳи асосии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С.Осимӣ бо иштироки намояндагони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, директорон, ректорон, раисон ва котибони комиссияҳои қабули муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбӣ бо мақсади дар сатҳи баланд ба роҳ мондани қабули донишҷӯён ба муассисаҳои таҳсилоти касбӣ дар соли 2022-2023 ва аттестатсияи хатм ҷаласаи кории назди вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.

Дар ҷаласа вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Саидзода Раҳимҷон Ҳамро, муовини вазири маориф ва илм Л.Абдулхолиқзода, намояндаи Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон М.Наботов, намояндаи Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Н.Акбарзода иштирок намуданд.
Тафсилоти бештар дар саҳифаи маркази матбуоти Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон.
278056905_7701888646502797_5567047170440955783_n278205028_7701890069835988_3464837740208272857_n278153119_7701890706502591_4480283249938263064_n278055854_7701888883169440_8809274077411827201_n277812546_7701884326503229_5613375385682074851_n278070854_7701890873169241_5352489895975477477_n278058319_7701891063169222_6679730307908809272_n278080281_7701889009836094_2444898658033371138_n278068818_7701888586502803_5418827530585939736_n278129635_7701891429835852_6262592443804105188_n278071562_7701889746502687_4154522252845192194_n278128386_7701889096502752_1240619191493118512_n278139072_7701890523169276_4682632692764971612_n278173176_7701891326502529_7450947807061205276_n
Шуъбаи иттилоот ва робита бо ҷомеа.

Ба рӯйхат

Ҳамкориҳо