Тавсеаи ҳамкориҳои стратегӣ бо «Шаҳри ҳушманд» (Smart city)

 08.04.2022

Санаи 8-уми апрели соли равон ректори Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С.Осимӣ профессор Давлатзода Қ.Қ. бо ҳайати КВД «Шаҳри ҳушманд» (Smart city) таҳти роҳбарии директори корхона Самадзода С. мулоқот анҷом дод.Санаи 8-уми апрели соли равон ректори Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С.Осимӣ профессор Давлатзода Қ.Қ. бо ҳайати КВД «Шаҳри ҳушманд» (Smart city) таҳти роҳбарии директори корхона Самадзода С. мулоқот анҷом дод.

Дар мулоқот масъалаи ба роҳ мондани ҳамкориҳои стратегӣ дар як қатор самтҳои муҳим, аз ҷумла тавсеаи ҳамкориҳо дар самти пайвасти илм бо истеҳсолот ва бо ҷоий кор таъмин намудани хатмкунандагони донишгоҳ мавриди баррасӣ қарор гирифт.
Махсусан зикр карда шуд, ки барои пурра таъмин кардани талаботи Корхонаи воҳиди давлатии «Шаҳри ҳушманд» (Smart city) ба мутахасисони соҳибтахассус Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С.Осимӣ иқтидори зарурии илмӣ-техникӣ дошта, фаъолияти ҳамбастаи корхона ва донишгоҳ самараи зиёд хоҳад дошт.
Дар анҷоми мулоқот ҷонибҳо омадигии худро барои ба сатҳи комилан нав баровардани ҳамкориҳои дуҷониба ифода намуда, барои расидан ба ҳадафҳои ҳамкориҳои стратегӣ роҳандозӣ кардани тадбир ва чорабиниҳои лозимаро иброз карданд.
 
IMG_0592IMG_0614IMG_0619
Шуъбаи иттилоот ва робита бо ҷомеа.
 

Ба рӯйхат

Ҳамкориҳо