Имрӯз дар Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С. Осимӣ ҷаласаи ҳисоботии Шӯрои собиқадорони меҳнати донишгоҳ баргузор гардид.
Дар ҷаласаи мазкур раиси Шӯрои собиқадорони меҳнати донишгоҳ – Ашӯрзода А.Н. ҳисобот дод. Номбурда дар ҳисоботи худ доир ба фаъолияти яксолаи Шӯро, ҳадафҳо ва чорабиниҳои амалинамудааш маълумот дод.
Дар рафти ҷаласаи мазкур раиси собиқадорони меҳнати шаҳри Душанбе – Назаров А.У. ва раиси собиқадорони меҳнати ноҳияи Шоҳмансур – Холиқзода М. иштирок ва суханронӣ намуданд.