Мулоқот миёни сохторҳои Тоҷикистон ва Чин оид ба бунёди устохонаи ба номи Лу Бан дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

 30.03.2022

Санаи 29-уми марти соли равон миёни сохторҳои Тоҷикистон ва Чин оид ба бунёди устохонаи ба номи Лу Бан дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мулоқот баргузор гардид.

Дар мулоқот аз ҷониби Ҷумҳурии Тоҷикистон муовини якуми вазири маориф ва илм, намояндагони Вазорати корҳои хориҷӣ, сафири фавқулода ва мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Мардумии Чин ва ректори Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С.Осимӣ ва аз ҷониби Ҷумҳурии Мардумии Чин намояндагони вазорати маориф ва илм, вазорати корҳои хориҷӣ, сафири фавқулода ва мухтори Ҷумҳурии Мардумии Чин дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, муовини раиси ҳукумати мардумӣ, роҳбарияти сохторҳои котибот ва ҳукумати мардумии шаҳри Тянҷин ва роҳбарияти Донишгоҳи касбӣ-техникии идораи шаҳрсозии Тянҷин иштирок ва суханронӣ намуданд.

Зимни мулоқот ҷонибҳо аз сатҳи баланди ҳамкориҳо дар самти маориф ва илм, мубодилаи академӣ ва таъминоти моддӣ-техникии муассисаҳои таълимӣ изҳори қаноатмандӣ карданд.

Зикр гардид, ки бунёди аввалин устохонаи ба номи Лу Бан дар Осиёи Миёна дар Ҷумҳурии Тоҷикистон боиси ифтихор ва сарфарозӣ аст. Ин иқдом имкон медиҳад, ки дар омодакунии кадрҳои баландихтисос дар муассисаи таҳсилоти олии касбии заминавӣ барои омодакунии мутахассисони ихтисосҳои муҳандисӣ - Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С.Осимӣ техника ва технологияҳои муосиртарин истифода шуда, сифати таълим ба сатҳи комилан нав бароварда шавад.

Инчунин, дар рафти мулоқот ҷонибҳо тасмим гирифтанд, ки барои баррасӣ кардани масъалаҳои корӣ вобаста ба бунёди устохонаи ба номи Лу Бан гурӯҳҳои махсуси корӣ таъсис диҳанд.

Дар фарҷоми мулоқот ҷонибҳо омодагии худро барои тақвият додани ҳамкориҳо иброз намуданд.

Шуъбаи иттилоот ва робита бо ҷомеа.

#TTU #TTU_international #TTU_2022


Ба рӯйхат

Ҳамкориҳо