ИШТИРОКИ ДОНИШҶӮЁН ДАР ДАВРИ ДУЮМИ ОЛИМПИАДАИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ

 25.03.2022

Рӯзҳои 25 ва 26-уми марти соли 2022 дар филиали Донишгоҳи давлатии Москва ба номи М.В. Ломоносов дар шаҳри Душанбе даври 2-юми олимпиадаи фосилавии кушодаи байналмилалии донишҷӯён аз фанҳои физика, химия ва математика баргузор гардид, ки дар он 9 нафар донишҷӯйи Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С.Осимӣ фаъолона иштирок карданд.

«Дар олимпиадаи болозикр намояндагони 28 муассисаи таҳсилоти олии касбӣ иштирок намуданд. Бо итминони комил гуфта метавонем, ки намояндагони Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С.Осимӣ дар даври дуюми олимпиадаи байналмилалӣ нишондиҳандаҳои баландро соҳиб гашта, дар даврҳои гуногуни олимпиада, аз ҷумла даври ниҳоии он ғолибият ба даст меоваранд», зикр намуд роҳбари ҳайати донишгоҳ дар олимпиада мудири шуъбаи инноватсия ва нашрияҳои илмӣ Ниёзӣ Сироҷиддин.

Қобили қайд аст, ки донишҷӯёни Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С.Осимӣ мунтазам дар чорабиниҳои илмии сатҳи байналмилалӣ, аз ҷумла олимпиадаҳои фаннӣ фаъолона иштирок карда, сазовори ҷойҳои намоён мегарданд.

Шуъбаи иттилоот ва робита бо ҷомеа.


Ба рӯйхат

Ҳамкориҳо