Ҳайати Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С.Осимӣ рӯзи 24 марти соли ҷорӣ ҷашни Наврӯз дар ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе иштирок намуданд.
Чорабинӣ дар майдони 800-солагии Москва баргузор гардида, дар он намояндагони як қатор ташкилоту идораҳои давлатӣ, муассисаҳои таълимӣ, аз ҷумла муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ ва дигар ташкилоту корхонаҳо иштирок карда, дар минтақаҳои гуногуни майдон намоишгоҳҳои ҷолиб омода намуданд. Ин тадбир макони баргузории чорабиниро ҷолиб ва фазои идонаро рангоранг кард.
Инчунин намояндагони Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе аз гӯшаи Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С.Осимӣ дар ҷашни иди Наврӯз дар ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе боздид ба амал оварданд.
Шуъбаи иттилоот ва робита бо ҷомеа.