ИФТИТОҲИ ОЗМОИШГОҲИ МОДЕЛСОЗИИ СОХТМОН ДАР ДОНИШГОҲ

 19.03.2022

Субҳи 19-уми марти соли равон дар факултети Сохтмон ва меъморӣ ректори Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С. Осимӣ профессор Давлатзода Қудрат Қамбар озмоишгоҳи моделсозии сохтмонро ифтитоҳ намуд.

Озмоишгоҳи моделсозӣ дар сохтмон дар доираи лоиҳаи ERAMCA «Арзёбии хатарҳои экологӣ ва кам кардани оқибатҳои он ба ҷойҳои мероси фарҳангӣ дар Осиёи Марказӣ» бо кумаки техникии барномаи Иттиҳоди Аврупо ERASMUS+ дар заминаи кафедраи иншооти гидротехникӣ ва ҳифзи захираҳои обӣ таъсис дода шуд.

Озмоишгоҳи мазкур бо беш аз 12 номгӯйи навтарин таҷҳизоти тахассусии истеҳсоли Италия муҷаҳҳаз гардонида шуда, барои омӯзиши таҷрибаи аврупоӣ оид ба баҳодиҳии хавфҳои экологӣ ва коҳиш додани маҳдудиятҳои мушаххас тавассути истифодаи ҳамоҳангии байнисоҳавӣ бо коршиносони маҳаллӣ ва муҳаққиқони ҷавон имконият фароҳам меоварад.

Дар озмоишгоҳ таҷрибаҳои озмоишии ихтисосҳои сохтмон, геодезия, меъморӣ ва сохтмони гидротехникӣ гузаронида мешаванд.

Таъсиси озмоишгоҳи моделсозии сохтмон тадбири навбатӣ дар самти татбиқи ҳадафҳои Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи маориф буда, саҳми он дар пешбурди корҳои илмӣ-тадқиқотӣ ва мукаммал кардани раванди таълим назаррас мебошад.

Шуъбаи иттилоот ва робита бо ҷомеа.

#TTU #TTU_international #TTU_илм #TTU_сохтмон #TTU_2022


Ба рӯйхат

Ҳамкориҳо