ВОХӮРИИ СУДМАНД

 15.03.2022

Имрӯз - 15.03.2022 дар ДТТ ба номи академик М.С. Осимӣ вохӯрии намояндагони ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон бо донишҷӯёни факултетҳои Сохтмон ва меъморӣ ва Технологияҳои иттилоотӣ ва коммуникатсионӣ баргузор гардид.

Дар ин вохӯрӣ муовини сардори ШВКД-1 дар ноҳияи Синои шаҳри Душанбе - Ҳайдарзода С.Н., муовини сардори хадамоти огоҳонӣ ва пешгирии ҳуқуқвайронкунии ноболиғон ва ҷавонони РВКД-и ш. Душанбе, нозири хадамоти мазкур Раҳимзода Ш., сардори митақаи 24-и ШВКД-и н. Синои ш. Душанбе, муовини аввали гурӯҳи "Авангард" дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Камолзода М., муовини ректори донишгоҳ оид ба тарбия - Аҳмадзода Б.С., деканони факултетҳои Сохтмон ва меъморӣ ва Технологияҳои иттилоотӣ ва коммуникатсионӣ - Яқубов А. ва Каримзода Ҷ.Ҳ. ва дигарон иштирок доштанд.

Аҳмадзода Б.С. вохӯриро ҳусни оғоз бахшида, суханро ба меҳмонон дод. Чун мавзӯи вохӯрӣ пешгирии ҳуқуқвайронкунӣ дар байни ҷавонон, маҳкумкунии терроризму экстремизм, пас бурдани сатҳи ҷинояткорӣ дар байни ҷавонон ва монанди инҳо буд, меҳмонон бо факту далелҳо ва мисолҳои равшан донишҷӯёнро аз ин раванди нохуш иттилоъ доданд.

Таъкид гардид, ки ҷавонон неруи созанда ва пешбарандаи ҷомеа буда, бояд ҳеҷ гоҳ ба мағзшӯӣ ва бегонапарастӣ роҳ надиҳанд ва ба он дода низ нашаванд. Бо ақлу заковати муосири худ ҳушёрии сиёсиро аз даст надода, баҳри ояндаи Ватану миллат дилсӯз бошанд, хизмат кунанд.

Дар охир, пас аз баромади меҳмонон донишҷӯён бо саволҳои зиёд муроҷиат намуда, ҷавобҳои қаноатбахш гирифтанд.

Шуъбаи иттилоот ва робита бо ҷомеа.


Ба рӯйхат

Ҳамкориҳо