Аз 5-уми марти соли равон оғоз карда, дар пойтахти кишвар - шаҳри Душанбе мусобиқаи Ҷоми Раиси ш. Душанбе оид ба воллейбол байни корхонавву муассисаҳои пойтахт баргузор шуд, ки дар он дастаи бонувони Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С. Осимӣ низ фаъолона иштирок карда истодаанд. Мусобиқа айни ҳол давом дорад ва дастаи бонувони донишгоҳ кӯшиш бар он доранд, ки бо намояндагӣ аз варзишгарони донишгоҳ ғолибиятро ба даст меоранд.
Мусобиқа дар толори варзишии Муассисаи давлатии мактаби махсуси кӯдакон ва наврасони захираҳои олимпии №5-и ш. Душанбе гузашта истодааст.
Шуъбаи иттилоот ва робита бо ҷомеа.