Аз 9 то 12-уми март чемпионати кушоди ш. Душанбе оид ба воллейбол байни ҷавонони соли таваллудашон 2002 ва аз онҳо хурд баргузор гардид, ки дар он донишҷӯёни Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С. Осимӣ низ иштирок намуданд.
Дар ин мусобиқаи сатҳи шаҳрӣ 8 даста иштирок кард. Дастаи ҷавонони донишгоҳ дар ин мусобиқа ба тамоми ҳарифони худ зафар ёфта, сазовори ҷойи аввал гардиданд.
Шуъбаи иттилоот ва робита бо ҷомеа.