Конференсияи байналмилалии илмӣ-амалӣ "ИЛМҲОИ ТЕХНИКӢ ва ТАҲСИЛОТИ МУҲАНДИСӢ БАҲРИ РУШДИ УСТУВОР"

 01.06.2021

ҲАМКОРОНИ ГИРОМӢ!

Бо камоли эҳтиром олимон, мутахассисон ва намояндагони мақомоти дахлдори давлатӣ, вазорат ва идораҳо, ташкилотҳои байналмилалӣ, муассисаҳои илмӣ – таҳқиқотӣ, инчунин омўзгорон ва аспирантони ихтисосҳои техникии муассисаҳои таҳсилоти олиро барои иштирок дар Конференсияи  байналмилалии илмӣ-амалӣ, таҳти унвони

«ИЛМҲОИ ТЕХНИКӢ ВА ТАҲСИЛОТИ МУҲАНДИСӢ БАРОИ РУШДИ УСТУВОР»,

ки бахшида ба 30-солагии Истиқлолияти Давлатии  Ҷумҳурии Тоҷикистон моҳи ноябри соли 2021 баргузор мегардад, даъват менамоем. 

Мақсади баргузории конфронси мазкур мубодилаи иттилооти илмӣ – амалӣ мебошад, ки роҳҳои пешрафт ва рушди техника ва технологияи навин, рушди ҳамкории байналмилалӣ дар баланд бардоштани сифати таълим ва татбиқи барномаҳои муштараки илмӣ, роҳандозии робитаҳои корӣ ва муносибатҳои тиљоратиро дар ин самт муайян месозад.    

Самтҳои кории конференсия:

  1. Таъмини илмии раванди техникӣ ва технологӣ.
  2. Таҳсилоти муҳандисӣ барои рушди устувор.
  3. Илмҳои дақиқ, табиӣ ва техникӣ: ҳамкории самаранок дар раванди таълим.
  4. Индустрия 4.0. Технологияҳои рақамӣ барои рушди устувор.
  5. Энергетика барои рушди устувор.
  6. Тамоюлҳои муосири меъморӣ ва рушди маҷмааи сохтмонӣ.
  7. Инфрасохтори нақлиётӣ.
  8. Технологияҳо ва маводҳои инноватсионӣ.
  9. Технологияҳои сарфакунандаи захираҳо ва энергия.
  10. Иқтисодиёт ва идоракунии муосир дар саноат, энергетика, сохтмон ва нақлиёт.
  11. Илмҳои иҷтимоӣ ва гуманитарӣ.
  12. Экология ва рушди устувор.

 Забони кории конференсия: тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ.

ДАЪВАТНОМА

Барои қабули Шумо ҳамчун иштирокчии конференсия ва дохил намудани маърўзаатон ба барномаи он, инчунин нашри саривақтии маводи конференсия, Шуморо зарур аст, ки то санаи 13–уми сентябри соли 2021 мақолаи матраҳшудаи худро ба тариқи онлайн ба қайд гиред.

БАРОИ ШИРКАТ ДАР КОНФЕРЕНСИЯ ХУДРО БА ҚАЙД ГИРЕД!

Бақайдгирии электронӣ

ТАЛАБОТ ВА ШАРТҲО БАРОИ МАҚОЛАҲО

Талаботи асосӣ барои мақолаҳо:

  • мақола (ба истиснои баррасиҳо) бояд натиҷаҳои нави илмиро дар бар гирад.
  • мақола бояд ба мавзӯи конференсия мувофиқат кунад.
  • Мақола ба воситаи почтаи электронӣ ва ё дар як нусхаи чопӣ ва электронӣ  бо шаҳодатномаи натиҷаи санҷиши аслият ба редакция пешниҳод карда мешавад.

Матни мақола бояд дар формати IMRAD[1] бо забони тоҷикӣ, англисӣ ё русӣ пешниҳод карда шавад.

    1. ТАЛАБОТ ВА ШАРТҲОИ АСОСӢ
    2. ТАЛАБОТҲО БА ТАҲИЯИ РУЙХАТИ АДАБИЁТ
    3. НАМУНАИ ХУЛОСАИ ЭКСПЕРТӢ
[1] Ин истилоҳ аз ҳарфҳои аввали калимаҳои англисӣ иборат аст: Introduction (Введение), Materials and Methods (Материалы и методы), Results (Результаты) Acknowledgements and Discussion (Обсуждение) - Муқаддима, Маводҳо ва Методҳо, Сипосномаҳо ва Муҳокима. Ин услуби маъмултарини навиштани мақолаҳои илмӣ, аз ҷумла барои маҷаллаҳои Scopus ва Web of Science мебошад.

Ба рӯйхат

Ҳамкориҳо