Таҷлили Рӯзи забони давлатӣ

 03.10.2022

Рӯзи 30-юми сентябр дар Донишгоҳи Техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С. Осимӣ маҷлиси тантанавӣ бахшида ба Рӯзи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Рӯзи омӯзгор баргузор гардид. Ин чорабинии бошукӯҳ бо иштироки донишҷӯён, устодон ва Ректори донишгоҳ профессор Давлатзода Қудрат Қамбар ифтитоҳ гардид. Ҷашни тантанавиро Ректори донишгоҳ профессор Давлатзода Қудрат Қамбар бо сухани табрикотӣ ҳусни оғоз бахшида, ҳозиринро ба муносибати Рӯзи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Рӯзи омӯзгорон табрику муборакбод гуфтанд.

WhatsApp Image 2022-10-01 at 12.10.08 (1)
Ҳамчунин, барои ширкат дар ин чорабинӣ меҳмонони олиқадр ба донишгоҳ ташриф оварданд. Гавҳар Шарофзода – вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Обидҷон Маҳмудзода – намояндаи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ин ҷашнвора ҳузур доштанд ва бо суханрониҳои пурмазмуну табрикоти самимона ба ин ҷашн ҳусну шукӯҳи бештар илова намуданд.
Ректори донишгоҳ ва меҳмонони ташрифоварда омӯзгорон ва кормандони донишгоҳро бо унвонҳо ва ифтихорномаву мукофот қадрдонӣ намуданд.
Дар ниҳоят донишҷӯёни донишгоҳ бо барномаи фарҳангӣ, шеъру суруд ва намоиши ҳунару истеъдоди худ баромад намуда, ба ҳозирин фазои идона ва рӯҳи хушу болида ҳадя карданд.

WhatsApp Image 2022-10-01 at 12.10.09WhatsApp Image 2022-10-01 at 12.10.07 (2)


Ба рӯйхат

Ҳамкориҳо