ФАЪОЛИЯТИ ДОНИШГОҲ НАЗАРРАС АСТ

 09.03.2022

Маълумот оид ба татбиқи “Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф” эълон намудани солҳои 2020-2040”

 

Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С.Осимӣ яке аз муассисаҳои базавӣ дар самти омодакунии кадрҳои муҳандисӣ ба ҳисоб рафта, дар самти тадқиқотҳои илмӣ, коркардҳои таҷрибавию истеҳсолӣ, навовариву ихтироъкорӣ ва омодасозии кадрҳои илмиву техникии соҳаи энергетика, сохтмон, нақлиёт ва коммуникатсия, технологияи иттилоотӣ, алоқа, металлургия ва иқтисодиётии соҳаҳо нақши назаррас дорад. Донишгоҳ дорои нерӯи пуриқтидори илмӣ-техникии ҷавобгӯ ба талаботи имрӯза буда, вобаста ба рушди соҳаҳои марбута аз рӯйи барномаҳои муҳими илмӣ-техникӣ корҳои илмӣ-тадқиқотиро ба роҳ мондааст.

Дар самти татбиқи амалии Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 31 январи соли 2020, №1445 “Дар бораи “Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф” эълон намудани солҳои 2020-2040” як қатор тадбирҳои зарурӣ андешида шудааст. То оғози соли 2022 дар ин самт корҳои зиёде ба сомон раснида шудааст, ки тариқи фишурда оварда мешавад:

-айни ҳол дар донишгоҳи техникӣ 108 озмоишгоҳи таълимӣ, илмӣ-истеҳсолӣ, зиёда аз 3 000 воситаҳои техникӣ барои аз худ намудани илмҳои табиӣ ва дақиқ мавриди истифода қарор дорад.

-дар доираи ҳамкориҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Ҷумҳурии Ҳиндустон дар донишгоҳ озмоишгоҳи технологияҳои мошинсозӣ бунёд гардидааст, ки он бо номгӯи зиёди дастгоҳ ва таҷҳизотҳои муосир ҷиҳозонида шудааст.

-дар донишгоҳ силсилаозмоишгоҳҳои тахассусии факултети сохтмон ва меъморӣ, ки бо таҷҳизоти муосири озмоишӣ пурра муҷаҳҳаз мебошад, дар тақвияти омӯзиши фанҳои табиатшиносӣ ва дақиқ заминаҳои устувор фароҳам овардааст. Озмоишгоҳҳои мазкур дорои Аттестати аккредитатсия буда, дар заминаи Парки технологии донишгоҳ ҳамчун озмоишгоҳи таълимӣ ва илмию истеҳсолӣ фаъолият менамояд.

-дар соли сипаришуда аз ҷониби устодони донишгоҳ 46 воситаи таълимї, 60 дастури методї, 8 китоби дарсї, 14 монографияи илмї ва 13 маљмўаи маќолањо нашр гардидааст.

-дар донишгоҳ лоиҳаҳои “Рақамикунонии иқтисод ҳамчун унсури рушди устувори Украина ва Тоҷикистон”, “Мукаммалгардонии таҳсилоти олӣ дар Осиёи Марказӣ тавассути технологияҳои нав” ва як қатор лоиҳаҳои илмӣ дар ҳамкорӣ бо шарикон амалӣ шуда истодаанд, ки татбиқи онҳо иқтидори илмӣ ва пояи моддӣ-техникии донишгоҳро пуриқтидор намуда, барои омӯзиши фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ тавассути усулҳои муосири таълим шароити мусоидро фароҳам оварда истодаанд..

- бо дастгирии Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон тавассути лоиҳаи “Рушди таҳсилоти олӣ” барои тақвият бахшидан ба омӯзиши илмҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар донишгоҳ 6 маркази технологияҳои инноватсионии таълимӣ барои такмили фазои маҷозӣ (виртуалӣ)-и ҳамгироии донишгоҳ бо дигар муассисаҳои таълимии олӣ ва марказҳои илмӣ, видеостудия барои наворбардорӣ, монтаж ва коркарди рақамии маводи видеоии таълимӣ, портали электронӣ ва дар хобгоҳи духтарон синфхонаи махсус барои омӯзиши забонҳои хориҷӣ, технологияҳои иттилоотӣ – коммуникатсионӣ ва баргузории чорабиниҳои илмӣ-оммавӣ таъсис дода шуда, китобхонаи электронии донишгоҳ такмил дода шуд.

- соли ҷорӣ беш аз 42 адад лексияву дарсҳои озмоишии устодони донишгоҳ ба навор гирифта шуда, дар шабаҳои телевизионӣ ва шабакаҳои иҷтимоӣ пахш гардид ва иқдоми мазкур идома дорад.

-имрӯз дар раванди омӯзиши фанҳои тахассусӣ барномаҳои муосири компютерӣ аз қабили АВТОКАД, АРХИКАД, ЛУМИОН, ЛИРА-САПР, РЕВИТ, АТЛАНТИС, ТРИДЕМАКС истифода бурда мешаванд.

-соли равон барои ҳисоби гармимуҳофизии конструксияҳои иҳотавӣ ва таҳияи шиносномаи энергетикии биноҳои шаҳрандӣ бо дарназардошти шароити табиию иқлимии мамлакат барномаи компютерии  Графэнергопаспорт-2022 ва барои сохтани моделҳои математикӣ ва ҳисоб намудани онҳо барномаи компютерии Фортран аз ҷониби устодони донишгоҳ таҳия гардида, ба феҳристи захираҳои иттилооти Ҷумҳурии Тоҷикистон дохил карда шудааст (аз 20 январи соли 2022, № 2202200488), ки ҳама ин барномаҳо бевосита дар раванди таълим самаранок истифода бурда мешавад.

-соли равон аз ҷониби Сарраёсати Агентии Туркия оид ба ҳамкорӣ ва ҳамоҳангсозӣ (ТИКА) дар донишгоҳ аввалин озмоишгоҳи таълимӣ-истеҳсоли ба номи ал-Ҷазарӣ дар Осиёи Миёна бунёд карда шуд. Озмоишгоҳи мазкур ин маҷмӯи дастгоҳ ва таҷҳизотҳои рақамӣ буда, барои тарҳрезӣ ва тайёр намудани робот, инчунин дигар таҷҳизотҳои худидорашаванда (мехатроника) пешбинӣ гардидааст. Дар озмоишгоҳ зиёда аз 60 номгӯй дастгоҳ ва таҷҳизотҳои муосир ҷойгир аст, ки имкони амалӣ намудани раванди технологии истеҳсол аз тарҳрезӣ то маҳсулоти тайёрро дорад. Озмоишгоҳи мазкур имконият медиҳад, ки дар Тоҷикистон таълимоти комилан нави инноватсионӣ мавриди омӯзиш қарор дода шавад. Акнун, дар шароити кишвар имконияти омӯзиши пурраи технологияҳои 3D-нашр фароҳам оварда шудааст.

- дар ин самт курси омӯзишӣ бо ҷалби 30 нафар устодони донишгоҳ оид ба тарзи истифодаи озмоишгоҳи лоиҳакашӣ-истеҳсолӣ ташкил ва баргузор карда шуд.

-дар донишгоҳ бо дастгирии Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бинои факултети сохтмон ва меъморӣ устохонаи ба номи Лу Бан бунёд мегардад, ки аввалин устохонаи чунин форматсия дар миқёси Осиёи Марказӣ хоҳад буд.

-Дар соли 2021 дар донишгоҳ дар самти илмҳои риёзӣ, дақиқ ва табиӣ 13 курсҳои такмили ихтисос гузаронида шуданд. Аз курсҳои такмили ихтисос 160 нафар кормандони корхонаву муассисаҳои мамлакат ва 279 нафар омӯзгорони донишгоҳ низ ба курсҳои такмили ихтисос фаро гирифта шуданд.

Аз ҷумла, дар самти иқтисодиёт 152 нафар, дар самти энергетика 23 нафар, дар самти нақлиёт 112 нафар, дар самти ҳизматрасонии таҷҳизоти тиббӣ 3 нафар, дар самти технологияҳои инноватсионӣ дар раванди таълим 70 нафар аз курси пурраи такмили ихтисос гузаштанд.

-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни ироаи Паёми солона ба Маҷлиси Олӣ иброз доштанд, ки “Ҳукумати мамлакат вазифадор аст то соли 2026 шаҳрвандони аз 18-сола болоро, ки касбу ҳунар надоранд, ба касбу ҳунаромӯзӣ ҷалб карда, ҷиҳати саросар соҳибкасб гардидани аҳолӣ тадбирҳои иловагиро роҳандозӣ намояд.” Вобаста ба ин имрӯз дар донишгоҳ курсҳои омӯзишии забонҳои хориҷӣ, кафшергари барқию газӣ, ронандагӣ, барқчӣ, челонгари барқӣ, озмоишгари таҳлили химиявӣ ва ҳарротӣ таъсис дода шудааст, ки ба он ҳам устодону донишҷӯён ва ҳам шаҳрвандон фаро гирифта мешаванд.

-Дар ҳамкорӣ бо Лоиҳаи кишоварзи ва идоракунии заминхои кишоварзи дар вилояти Хатлон (DAI USAID),  ҶСК "Азот" масъалаи баргузории Курсҳои касбомӯзӣ барои 170 нафар ҷавонони бекори вилояти Хатлон ва дар оянда ба кор таъмин намудани онҳо дар корхонаи ҶСК "Азот" ба нақша гирифта шудааст.

-Мутобиқи маълумоти маҳзани илмии электронии Elibrary.ru (РИНЦ), ки дар он зиёда аз 95% устодони донишгоҳ сабти ном шудаанд, дар соли 2021 аз тарафи устодон ва кормандони Донишгоҳи техникии Тоҷикистон дар маҷаллаҳои тақризии гуногун зиёда аз 299 мақолаҳои илмӣ нашр шудааст, ки 80 дарсади он бевосита ба соҳаҳои илмҳои риёзӣ, дақиқ ва табиӣ рост меояд.

-Донишгоҳ дар рейтинги байналмилалии муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ, аз ҷумла рейтинги байналмилалии Ranking Web of Universities донишгоҳ дар миқёси ҷумҳурӣ мунтазам ҷойҳои аввалро ишғол менамояд.


Ба рӯйхат

Ҳамкориҳо