30 ноябри соли 20221 дар хобгоҳи №4 вохӯрии мудири шуъбаи ташкилӣ-тарбиявии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С.Осимӣ Саторова М.Қ., раиси Шурои занони донишгоҳ Раҳимова С.С., муовини декани факултети технологияҳои инноватсионӣ Сафаров Б., кураторон Аҳрори М. ва Пирмадов М. бо донишҷӯёни хобгоҳ доир гардид.
Мақсад аз баргузории вохӯри бурдани корҳои фаҳмондадиҳӣ аз оқибатҳои фоҷеабори экстремизму терроризм байни ҷавонон ва пешгирии шомилшавии ҷавонон ба ҳар гунна ҳаракат ва гуруҳҳои ифротгаро буд.
Саторова М.Қ, Раҳимова С.С. ва Аҳрори М. доир ба хатари терроризм ва экстремизм ба ҷомеа, зуҳуроти манфии ҷомеа, тундгароию бегонапарстӣ андешаҳояшонро баён карда, аз аҳли толор хоҳиш намуданд, ки бештар ба омӯзиши илму ҳунар машғул гарданд, аз шабакаҳои иҷтимоӣ оқилона истифода бурда, сатҳи маърифати худро баланд бардоранд, ба қадри давлати ободу осудаи худ бирасанд ва ҳамчун шаҳрвандони номбардори Ватану миллати худ ба камол расанд.