Таҷлили рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар донишгоҳ

 07.11.2021

Рӯзҳои 4-ум ва 5-уми ноябри соли равон бо ташаббуси хадамоти тарбия ва садорати факултетҳои энергетикӣ, технологияҳо инноватсионӣ, сохтмон ва меъморӣ, технологияҳои иттилоотӣ ва коммуникатсионӣ, нақлиёт ва менеҷмент ва коммуникатсияҳои нақлиётӣ бо иштироки омӯзгорону донишҷӯён як қатор ҷамъомадҳои тантанавӣ ташкил ва баргузор гардид. 

Дар чорабиниҳои болозикр деканҳои факултетҳо, мудирони кафедра ва омӯзгорони кафедраи фанҳои ҷомеашиносӣ суханронӣ намуда, ба донишҷӯён вобаста ба муқаррароти Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҳифзи арзишҳои миллӣ маълумоти кофӣ пешниҳод намуданд. 

Қобили қайд аст, ки бо ташаббуси хадамоти тарбия дар якҷоягӣ бо садорати факултетҳо ҳамасола таҷлили бошукӯҳи Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба нақша гирифта шуда, чорабиниҳо дар сатҳи баланд ташкил мешаванд. 


Ба рӯйхат

Ҳамкориҳо