Санаи 15-уми июни соли равон дар толори Маркази технологияҳои инноватсионии таълимӣ ҷиҳати сазовор ҷашн гирифтани 20-солагии Созмони ҳамкории Шанхай чорабинии интерактивии Модели I-уми байналмилалии Созмони Ҳамкории Шанхай ташкил ва баргузор гардид. Чорабинии мазкур бо ташаббуси хадамоти робитаҳои байналмилалии донишгоҳ ташкил шуда, Ҷамъияти илмии донишҷӯён татбиқи амалии онро ба роҳ монд.
Дар оғози чорабинӣ муовини ректор оид ба робитаҳои байналмилалӣ Саъдуллозода Шаҳриёр Саъдулло суханронӣ намуда, иброз доштанд, ки баргузории чорабинии мазкур дар донишгоҳ нишонаи рушди фаъолияти донишҷӯён дар самти татбиқи амалии малакаҳои шахсӣ мебошад. Инчунин, муовини ректор зикр намуданд, ки дар доираи иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва иҷрои нақшаи чорабиниҳои дахлдор барои сазовор ҷашни гирифтани 20-солагии Созмони Ҳамкории Шанхай ташкил ва баргузории чорабиниҳои интерактивӣ ба роҳ монда мешавад.
Пас аз қисмати расмӣ Модели I-уми байналмилалии Созмони ҳамкории Шанхай кори худро оғоз кард. Дар чорабинӣ донишҷӯён аз Федератсияи Россия, Ҷумҳурии Халқии Чин, Ҷумҳурии Қазоқистон, Ҷумҳурии Ҳиндустон ва Сингапур иштирок ва суханронӣ намуданд.
Мавриди зикр аст, ки зимни баргузории чорабинӣ ҷиҳати тақвият бахшидан ба фаъолияти Ҷамъияти илмии донишҷӯёни Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С.Осимӣ машварати корӣ бо иштироки намояндагони муассисаҳои таҳсилоти олии касбии хориҷи кишвар баргузор гардид, ки дар он раиси Ҷамъият Шерзодиён Ардашер Алишер вобаста ба фаъолияти Ҷамъият ба ҳозирин маълумоти пурра пешниҳод намуданд.
Дар фарҷоми чорабинӣ ба иштирокчиёни чорабинӣ сертификат оид ба иштирок дар Модели I-уми байналмилалии Созмони Ҳамкории Шанхай тақдим гардид. Зимнан, ғолибони 3 номинатсия дар доираи баргузории чорабинӣ бо сертификати махсус қадрдонӣ карда шуданд.