ДАВРИ ЯКУМИ ОЗМУНИ ҶУМҲУРИЯВИИ “ИЛМ – ФУРӮҒИ МАЪРИФАТ” ДАР ДОНИШГОҲ

 06.05.2021

Рӯзи 21-уми апрели соли равон дар Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С Осимӣ даври якуми озмуни ҷумҳуриявии “Илм – фурӯғи маърифат” дар номинатсияи “Ихтироъкорӣ ва навоварӣ” дар доираи амалисозии “Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф (солҳои 2020-2040)” аз ҷониби Парки технологии донишгоҳ баргузор гардид.

Дар ибтидо Давлатзода Қ.Қ. – ректори донишгоҳ ҳамагонро бо оғози даври аввали ин озмун муборакбод намуда, ба донишҷӯёне, ки бо дастовардҳои худ ҳозир шуда, самараи донишу маҳорати худро ба намоиш гузошта буданд, муваффақият орзу намуд. Баъдан меҳмони чорабинии мазкур – раиси КИ ҲХДТ дар ноҳияи Шоҳмансур – Гулаҳмадзода З. Низ баромад намуда, таманниёти худро баён дошт.

Дар охир ба самараи маҳорати донишҷӯёни донишгоҳ ҳайати ҳакамон баҳогузорӣ намуданд.

 


Ба рӯйхат

Ҳамкориҳо