Истифодаи нақлиёти барқӣ

 19.03.2023

           Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми худ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон санаи 21 декабри соли 2021  баён доштанд, ки        «... бо мақсади ба тағйирёбии иқлим мутобиқ гардонидани иқтисоди миллӣ, ҳифзи муҳити зист ва беҳтар намудани вазъи экологии мамлакат воридоти нақлиёти барқӣ ба кишвар, яъне электромобилҳо, электробусҳо, троллейбусҳо ва монанди инҳо аз пардохтҳои андозӣ ва гумрукӣ пурра озод карда шаванд. Вобаста ба ин, Ҳукумати мамлакатро зарур аст, ки ҷиҳати тадриҷан муҳайё сохтани инфрасохтор ва дигар шароити зарурӣ барои истифодаи чунин воситаҳои нақлиёт дар қаламрави кишвар чораҷӯӣ намояд".

           Баҳри амалӣ сохтани ин дастур аз ҷониби Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ҷалби мутахассисон аз вазорату идораҳои дахлдор, аз ҷумла Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С. Осимӣ лоиҳаи «Барномаи рушди нақлиёти барқӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2023-2028»таҳия гардид.

             Барномаи рушди нақлиёти барқӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2023-2028 (минбаъд дар матн Барнома) тибқи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон (аз 31 октябри соли 2022,  №532) тасдиқ гардид. Барнома бо мақсади баланд бардоштани рақобатпазирии иқтисодиёти миллӣ, ба тағйирёбии иқлим мутобиқ гардонидани он, ҳифзи муҳити зист ва беҳтар намудани вазъи экологии мамлакат, ноил шудан ба ҳадафҳои рушди устувор, аз ҷумла муқовимат бо тағйирёбии иқлим, таъмини тарзи ҳаёти солим ва мусоидат ба некуаҳволӣ барои ҳама, таъмини дастрасии умум ба манбаҳои неруи арзон, боэътимод, устувор ва муосир барои ҳама, таъмини гузариш ба шаклҳои оқилонаи истеъмол ва истеҳсолот, ки аз ҷониби Ассамблеяи генералии Созмони Милали Муттаҳид эълон гардидаанд, таҳия шудааст.

Яке муҳимтарини бартариҳо ин паст гардидани таъсири манфии нақлиёти автомобилӣ ба муҳити зист ва кам гардидани вобастагӣ аз воридоти сӯзишвории нафтӣ ва газӣ мебошад. Нақлиёти барқиро дар он сурат аз ҷиҳати экологӣ нисбатан тоза номидан мумкин аст, ки захираи энергия дар он аз манбаҳои барқароршавандаи энергия гирифта шавад.  Агар нақлиёти барқӣ захираи энергияро аз манбаҳои дигари энергияи барқ, ки тавассути сӯхтани сӯзишворӣ (ангишт, газ, маводи нафтӣ ва ғайра) бартариҳои экологии он назаррас нахоҳад буд.

Хушбахтона, чуноне ки Ҷаноби Олӣ, Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар суханрониашон дар вохӯрӣ бо бунёдгарони неругоҳи барқи обии «Роғун»[1] (13.07.2022) қайд намуданд: “...Тоҷикистон дорои захираҳои бузурги гидроэнергетикӣ мебошад, ки яке аз манбаъҳои асосии барқароршавандаи энергия ва истеҳсоли «энергияи сабз» ба шумор меравад. Дар кишвари мо 98 фоизи нерӯи барқ бо истифода аз захираҳои об истеҳсол мегардад ва Тоҷикистон аз рӯи фоизи истеҳсоли «энергияи сабз» шашум мамлакати пешсафи сайёра мебошад”. Яъне истифодаи нақлиёти барқӣ дар кишвари мо, на танҳо вобастагиро аз воридоти энергиябарандаҳо (сӯзишвории нафтӣ ва газӣ) кам, инчунин ба ҳолати экологии муҳити зист, хусусан шаҳрҳои калон таъсири мусбат хоҳад дошт.

Дар умум тавофути байни автомобили муқаррарӣ ва электромобил дар чи аст?

Дар банди 3-ми Қоидаҳои ҳаракат дар роҳ оварда шудааст, ки “... – автомобил – воситаи нақлиёти механикии берелс, ки барои интиқоли одамон ё бор дар роҳҳо истифода мешавад ё барои дар роҳҳо кашола карда бурдани воситаҳои нақлиёте, ки барои интиқоли одамон ё бор истифода мешаванд. Ба автомобилҳо квадритсиклҳо (мотоаробаҳо) –  воситаҳои нақлиёти механикии чорчархаи дорои маҷмўи идоракунии намуди автомобилӣ ва вазни муҷаҳҳази на зиёда аз 550 кг дошта баробар карда мешавад”. Аз тарафи дигар автомобил – воситаи механикии нақлиётии берелсе мебошад, ки дорои муҳаррики хусусӣ ва одатан на кам аз чор чарх дорад. Дар баъзе мавридҳо воситаҳои нақлиётии сечарха, ки массаи холиси онҳо аз 400 кг зиёд аст, низ автомобил шуморида мешаванд.

Яъне электромобил низ як навъи автомобил мебошад, ки фарқияташ танҳо дар навъ ё намуди муҳаррик, яъне манбаи энергияи механикӣ мебошад. Самаранокии энергетикии он дар истифодаи манбаи энергияи механикӣ таҷассум меёбад, яъне дар аксарияти электромобилҳо манбаи энергияи механикӣ муҳаррики барқӣ мебошад. Самаранокӣ тавассути коэффисиенти кори фоиданок, яъне то чи андоза муҳаррик ягон намуди энергияро ба кори механикӣ табдил медиҳад, муайян карда мешавад. Самаранокии муҳаррикҳои ҳозиразамони дизелии автомобилӣ ба ҳисоби миёна 42%, муҳаррики дарунсӯзии бензинӣ бошад аз 30% беш нест. Аммо самаранокии муҳаррикҳои барқӣ барои электромобилҳо аз 90% зиёд аст (Tesla model S тақрибан  95%). Яъне муҳаррикҳои барқӣ камаш ду маротиба самараноктар мебошанд.

Агар автомобилҳои барқӣ самаранок бошанд, пас чаро ин қадар маъмул набуданд?

Истифода аз энергияи барқ дар нақлиёти автомобилӣ масъалаи нав нест. Дар охирҳои асри XIX ва аввалҳои асри XX автомобилҳои дорои муҳаррикҳои барқӣ ва буғӣ аз рӯи баъзе нишондиҳандаҳо бо муҳаррикҳои дарунсӯзи бензинӣ рақобатпазир буданд. Соли 1900 дар ИМА тақрибан 40% автомобилҳо бо буғ, 38% бо барқ ва 22% бо бензин кор мекарданд. Электромобил (автомобили барқӣ)  пеш аз автомобили дорои муҳаррики дарунсӯз (44 сол пеш) ихтироъ гардидааст. Электромобили нахустин дар шакли аробаи дорои муҳаррики барқӣ соли 1841 сохта шуда буд. Дар соли  1910 дар Ню-Йорк ҳамчун такси то 70 000 электромобил кор мекард. Инчунин, дар аввали асри XX электромобилҳои боркаш ва омнибусҳои барқӣ (электробусҳо) низ маъмул буданд. Аввалин мошини гибридиро соли 1899 Фердинанд Порше сохта буд. Сабаби васеъ рушд наёфтани нақлиёти барқӣ дар ғунҷоиши ками аккумуляторҳо ва рақобатпазир набудан бо автомобилҳои дорои муҳаррикҳои дарунсӯз буд.

Бо афзудани талаботи экологӣ ва боло рафтани нархи маҳсулоти нафтӣ, рушди технологияи истеҳсоли аккумуляторҳо ва истеҳсоли энергияи барқ тавассути ҳуҷайраҳои (элементҳои) сӯзишворӣ аз гидроген дар худи автомобил, электромобилҳо боз мавқеи худро аз нав барқарор намуда истодаанд. Онҳо асосан дар шакли автомобилҳои гибридӣ (дурага), яъне муҳаррики дарунсӯз бо муҳаррики барқии дар автомобил насб шуда, вобаста ба талабот ба навбат ё якҷоя кор мекунанд. Инчунин саноати автомобилсозӣ дар замони ҳозира электромобилҳои танҳо бо қувваи барқ ҳаракаткунандаро низ истеҳсол карда истодааст. Мисоли ин гуна электромобилҳо  Kia Naimo,  Citroen Czero,  Nissan NV200, Mersedes Electric eVito Taxi, Renault Fluence Z.E., Tesla Roadster ва ғайра шуда метавонанд. Мушкилоти электромобилҳо асосан бо захираи энергия вобастааст. Агар дар автомобилҳои муқаррарӣ энергия дар шакли сӯзишворӣ (газӣ, банзинӣ ва дизелӣ) дар зарфи нигоҳдорӣ ё баллонҳо захира шавад, дар электромобилҳо он дар батареяҳои аккумуляторӣ ё баллонҳои нигоҳдории гидроген захира мешавад.

 

Айни замон  электромобилҳоро ба чанд гуруҳ ҷудо кардан мумкин аст?

Чуное, ки қайд кардем электромобил як навъи воситаи нақлиёти автомобилӣ ба ҳисоб рафта, бо як ё якчанд муҳаррикҳои барқӣ, ки аз манбаи мустақили энергияи барқ ​​(батареяҳои аккумуляторӣ, ҳуҷайраҳои сўзишворӣ, суперконденсаторҳо ва ғайра) ё дугона - гибрид (муҳаррики барқӣ бо муҳаррики дарунсўз) кор мекунад. Асосан элекромобилҳои ҳозиразамонро ба чор қисм ҷудо кардан мумкин аст:

  • Автомобили гибридӣ (HEV - Hybrid electric vehicle), ки бо истифода аз муҳаррики барқии аз ҳисоби аккумуляторҳо коркунанда ва муҳаррики дарунсӯз кор мекунад. Гашти чунин автомобилҳои аз ҳисоби аккумуляторҳо коркунанда хеле маҳдуд буда, онро аз манбаи берунаи барқ заряд додан ғайриимкон аст.
  • Автомобилҳои гибридии плагин (PHEV - Plug-in Hybrid Electric Vehicle), ки дар онҳо кори якҷояи муҳаррики электрикӣ ва дарунсӯзро таъмин гардида, имкони заряд додани аккумулятор аз шабакаи берунаи барқӣ ва тай кардани масофаи калон тавассути манбаи энергияи барқ (аккумулятор) вуҷуд дорад.
  • Автомобилҳои аккумуляторӣ (BEV - Battery electric vehicle), ки манбаи ягонаи энергияи барқ дар онҳо аккумулятор мебошад ва он танҳо аз шабакаи берунаи барқӣ заряд дода шуда, тавассути муҳаррики барқӣ ба ҳаракат дароварда мешавад.
  • Автомобилҳои барқӣ бо ҳуҷайраҳои сӯзишворӣ (FCEV - Fuel Cell Electric Vehicle). Дар чунин автомобилҳо барои баланд бардоштани самаранокии истифодаи гидроген дар нақлиёти автомобилӣ аз усули дигар, яъне ҳуҷайраҳои (элементҳои) сӯзишворӣ (fuel cells) истифода мебаранд. Усули кори элементҳои сӯзишворӣ ба реаксияи электрохимиявӣ асос ёфтааст, ки дар натиҷаи он гидроген бо оксигени ҳаво пайваст шуда, ҷараёни электрикӣ ҳосил мешавад, ки ҳамчун манбаи энергияи электрикӣ барои ба ҳаракат даровардани муҳҳаррикҳои электрикии воситаи нақлиёт истифода бурда мешаванд. Бояд қайд намуд, ки дар ин сурат самаранокии баландтари табдили энергияи сӯзишворӣ (то 60%) ба даст меояд, ки нисбат ба муҳаррикҳои дарунсӯзи муқаррарӣ (20% - 35%) хеле зиёд аст.

Type

Мамадамон Абдулло

e-mail: mamadamonabdullo@ttu.tj

whatsapp: +992934257775

[1] http://prezident.tj/node/28691


Ба рӯйхат

Ҳамкориҳо