CONSTRUCTION MODELING LABORATORY

Озмоишгоҳи моделсозӣ дар сохтмон дар доираи лоиҳаи ERAMCA «Арзёбии хатарҳои экологӣ ва кам кардани оқибатҳои онҳо ба ҷойҳои мероси фарҳангӣ дар Осиёи Марказӣ» бо кӯмаки техникии барномаи Иттиҳоди Аврупо ERASMUS+ дар заминаи кафедраи иншооти гидротехникӣ ва ҳифзи захираҳои обии донишгоҳ таъсис дода шуд.

Озмоишгоҳи мазкур бо беш аз 12 номгӯйи навтарин таҷҳизотҳои тахассусии истеҳсоли Италия муҷаҳҳаз гардонида шуда, барои омӯзиши таҷрибаи аврупоӣ оид ба баҳодиҳии хавфҳои экологӣ ва коҳиш додани маҳдудиятҳои мушаххас тавассути истифодаи ҳамоҳангии байнисоҳавӣ бо коршиносони маҳаллӣ ва муҳаққиқони ҷавон имконият фароҳам меоварад.

IMG_7637

Дар озмоишгоҳ таҷрибаҳои озмоишии ихтисосҳои сохтмон, геодезия, меъморӣ ва сохтмони гидротеникӣ гузаронида мешаванд.

Озмоишгоҳи моделсозӣ дар сохтмон 19 марти соли 2022 бо иштироки ректори Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С.Осимӣ профессор Давлатзода Қудрат Қамбар ифтитоҳ гардид. Таъсиси озмоишгоҳи моделсозӣ дар сохтмон тадбири навбатӣ дар самти татбиқи ҳадафҳои Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи маориф буда, саҳми он дар пешбурди корҳои илмӣ-тадқиқотӣ ва мукаммал кардани раванди таълим назаррас мебошад.

IMG_7607

IMG_7600

IMG_7565

IMG_7566