Озмоишгоҳи таълимӣ-истеҳсоли ба номи Исмоил Ҷазерӣ (Cezeri Lab) ин маҷмӯи дастгоҳ ва таҷҳизотҳои рақамӣ барои тарҳрезӣ ва тайёр намудани робот, инчунин дигар таҷҳизотҳои худидорашаванда (мехатроника) пешбинӣ гардидааст. Дар озмоишгоҳ зиёда аз 60 номгӯй дастгоҳ ва таҷҳизотҳои муосир ҷойгир аст, ки имкони амалӣ намудани раванди технологии истеҳсол аз тарҳрезӣ то маҳсулоти тайёрро дорад. Ин аввалин озмоишгоҳи типи мазкур дар Осиёи Миёна мебошад.
Озмоишгоҳи мазкур имконият медиҳад, ки дар Тоҷикистон таълимоти комилан нави инноватсионӣ мавриди омӯзиш қарор дода шавад. Акнун, дар шароити кишвар имконияти омӯзиши пурраи технологияҳои 3D-нашр фароҳам оварда шудааст.
Бо истифода аз имкониятҳои озмоишгоҳи навтаъсис мутахассисони донишгоҳ малакаҳои худро дар тарҳрезии 3D (PartModeling) дар муҳити барномаи Solidworks, эҷоди кодҳои GK дар принтерҳои 3D бо истифода аз нармафзори буридан (Cura, 3D Simplify ва ғ.), танзимоти Принтери FDM 3D ва DLP 3D мукаммал карданд.
Дар рафти омӯзишҳое, ки вобаста ба истифодаи озмоишгоҳи Исмоил Ҷазерӣ аз ҷониби экспертҳои байналмилалӣ баргузор гардиданд, мошинаи буриши лазерӣ, тағйир додани найҳои лазерӣ, танзимоти оинаи лазерӣ, истифодаи хунуккунакҳо ва нигоҳубини умумӣ, коркарди (Рутер CNC ва мошини пармакунӣ), рамзгузории сатҳи асосӣ ва барномаҳои роботӣ бо Arduino мавриди омӯзиш қарор дода шуданд.
Барномаи роботӣ имконият медиҳад, ки сенсорҳои рақамӣ ва аналогӣ, муҳаррикҳои DC, дурахши LED, замимаи RGBled, идоракунии LED бо истифода аз тугма, сохтани чароғҳои шабона бо LDR, дурахши LED бо сенсори рақамӣ, сохтани сенсорҳои таваққуфгоҳ бо сенсори ултрасадо, назорати мотори серво бо потенсиометр аз ҷониби олимони ҷавони донишгоҳ васеътар омӯхта шавад ва дар ояндаи наздик татбиқи амалии худро дар истеҳсолот ёбад.
Бояд тазаккур дод, ки озмоишгоҳи Исмоил Ҷазерӣ дар доираи Қарордод оид ба ҳамкорӣ миёни Вазорати фарҳанг ва сайёҳии Ҷумҳурии Туркия, Сарраёсати Агентии Туркия оид ба ҳамкорӣ ва ҳамоҳангсозӣ (ТИКА) ва Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С.Осимӣ дар бораи таъсиси озмоишгоҳи лоиҳакашӣ-истеҳсолӣ ва омӯзиши истифодабарии он дар Донишгоҳи техникии Тоҷикистон бунёд гардидааст.