Устодон, донишҷӯён ва ҳамватанони азиз!
Соли 2021 дар хотири мардуми шарифи Тоҷикистон ҳамчун соли заҳмати содиқонаву софдилона барои ободии Ватани соҳибистиқлоламон, соли таҷлили бошукӯҳи 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дар ин замина амалӣ гардидани ҳадафҳои неки бунёдкорона ва дастовардҳои навбатии давлати соҳибихтиёрамон нақш хоҳад гузошт.
Бо ифтихор бояд зикр намуд, ки дар зарфи 30 соли соҳибистиқлолӣ мо – мардуми Тоҷикистон таҳти сиёсати пешгирифта ва дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳама самтҳо, аз ҷумла иқтисодиёт ва маориф ба дастовардҳои назаррас ноил гардидем.
Соли сипаришуда барои аҳли кормандону устодон ва донишҷӯёни Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С. Осимӣ соли таърихӣ, соли дастовардҳои назарраси таълимию илмӣ, фарҳангию варзишӣ, рушди робитаҳои байналмилалӣ, таъмини сазовори самтҳои соҳаҳои иқтисодию иҷтимоӣ ва хоҷагидорӣ буд.
Мусаллам аст, ки самти асосии фаъолияти донишгоҳ таъмини босифати раванди таълим ва тайёр намудани мутахассисони донишманду соҳибкасб баҳри фардои дурахшони Ватану миллат мебошад. Ҳамчун ҳадафи чоруми миллӣ эълон гардидани саноатикунонии босуръати кишвар бар дӯши мо масъулияти зиёде мегузорад, то ки боз ҳам бо азму иродаи қавӣ, садоқату матонат ва меҳру муҳаббати беандоза дар омодасозии кадрҳои баландихтисос ҷидду ҷаҳд намоем, зеро Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С. Осимӣ яке аз заминаҳои асосӣ ва ягонаи омодакунии кадрҳои муҳандисӣ ва техникӣ аст. Моро зарур аст, ки дар соли нави мелодӣ ва солҳои минбаъда ба хотири таҳкими Истиқлоли давлатӣ, Ваҳдати миллӣ, густариши худшиносиву худогоҳӣ ва ифтихори меҳанпарастӣ бештар заҳмат кашида, бо дарки рисолати олии ватандорӣ барои ободонии сарзамини муқаддасамон дастаҷамъона саъю кӯшиш намоем.
Умедворем, ки соли нави 2022 барои халқи сарбаланди тоҷик бобарор ва марҳилаи навбатии вусъати амалҳои созандаву ободкориҳо гардида, мақсаду маром ва орзуву ниятҳои некамон амалӣ хоҳад гашт.
Дар ин лаҳзаҳои идона кулли устодону донишҷӯён ва кормандони донишгоҳро бо фарорасии соли нави мелодии 2022, яъне соли идомаи корҳои созандагиву ободкорӣ ва амалӣ гардидани орзуву ормонҳои халқи тоҷик самимона шодбош гуфта, бароятон сиҳатмандиву рӯзгори осуда, бахти пояндаву иқболи нек ва зиндагии пурфайзу бобаракатро орзу менамоям.
Бигзор, соли ҷадид барои ҳар як хонадони мардуми тоҷик соли сулҳу оромӣ, сиҳатмандиву комронӣ, таҷаллии хуршеди орзуҳо, субҳи пурсафои саодат ва пешрафту дастовардҳои навин гардад.
Соли нави мелодӣ муборак, дӯстони азиз!