ҶАЛАСА ДОИР БА КОРҲОИ ФАҲМОНДАДИҲИИ ПЕШГИРИИ ҲОЛАТИ АМАЛҲОИ КОРРУПСИОНӢ

 15.12.2021

11-уми декабри соли 2021 дар факултети Технологияҳои иттилоотӣ ва коммуникатсионии ДТТ ба номи академик М.С. Осимӣ доир ба пешгирии ҳолати амалҳои коррупсионӣ дар рафти қабули имтиҳонот дар соли хониши 2021-2022 бо мақсади иҷрои фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30.08.2013, таҳти №1504 “Дар бораи стратегияи муқовимат бо коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” ҷаласа баргузор гардид.

Дар ҷаласаи мазкур декани факултет – Ғафуров М.Ҳ., муовинони декан, мудирони кафедраҳо иштирок намуданд.

Декани факултет дар баромади худ таъкид намуд, ки бо назардошти боло рафтани бархӯрдҳои ҷаҳонишавӣ дар ҷомеаи башарӣ падидаҳои номатлуб, аз қабили терроризму эктсремизм, гаравиш ба гурӯҳҳои ифротӣ ва коррупсия ривоҷ ёфтааст. Дар ин робита аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон якчанд қонуну қарорҳое қабул карда шудааст, ки дар тарбияи насли наврас, таъмини амнияти миллӣ ва пос доштани арзишҳои миллӣ таъсиргузор мебошад. Дар ин миён “Стратегияи муқовимат бо коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳи 2013-2020” (фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30.08.2013, №1504), “Стратегияи миллии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба муқовимат ба экстремизм ва терроризм барои солҳои 2016-2020”, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” ва Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд” аз миллитарин қонунҳои кишвар ба шумор рафта, ҷиҳати тарбияи насли наврас дар рӯҳияи худшиносиву меҳанпарастӣ ва канораҷӯӣ аз ҳама гуна падидаҳои номатлуб нақши назарас дорад.

Дар ин робита муовинони декан ва мудирони кафедраҳо низ андешаҳояшонро иброз доштанд.

Дар охир ҳамагон ӯҳдадор гардиданд, ки моҳияти пурраи мавзӯи баррасишударо ба кураторон ва сарпарастони гурӯҳҳои академӣ мерасонанд ва тавассути онҳо ба донишҷӯён низ маълумоти зарурӣ расонида шуда, корҳои фаҳмондадиҳӣ гузаронида мешавад. Инчунин ҳамаи мудирони кафедраҳо вазифадор шуданд, ки бо такя ба нақшаи чорабиниҳои Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С. Осимӣ, ки дар робита ба “Стратегияи муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳи 2013-2020” таҳия гардидааст, дар гурӯҳҳои академӣ аз оқибатҳои бади падидаҳои номатлуби коррупсионӣ корҳои фаҳмондадиҳӣ гузаронанд.

Шуъбаи иттилоот ва робита бо ҷомеа.


Back to list