22-юми июни соли 2022 даври ноҳиявии озмуни чумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» дар ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе ҷамъбаст гардид.
Дар даври ноҳиявии озмуни ҷумҳуриявӣ донишҷӯёни Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С.Осимӣ иштирок намуда, сазовори ҷойҳои ифтихорӣ гардиданд. Аз ҷумла:
- Ҷамолиддинов Сорбон - донишҷӯйи курси 3- юми факултети сохтмон ва меъморӣ, ҷойи дуюм;
- Раҳмон Тоҷиддин Худойдод донишҷӯйи курси 3-юми факултети сохтмон ва меъморӣ, ҷойи дуюм;
- Раҳматуллоева Муҳаббат донишҷӯйи курси 1-уми факултети сохтмон ва меъморӣ, ҷойи дуюм.
Ба ғолибони даври ноҳиявии озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» бо диплом ва дигар мукофотҳои Кумитаи тадорукот тақдим карда шуд.
Қобили қайд аст, ки иштирокчиёни озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» аз Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С.Осимӣ таҳти роҳбарии мудири кафедраи забонҳои донишгоҳ, дотсент Темурова Момагул ба озмуни ҷумҳуриявӣ омодагӣ мебинанд.
Шуъбаи иттилоот ва робита бо ҷомеа.