МИЗИ МУДАВВАР:

 08.06.2022

8-уми июни соли 2022 дар Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С. Осимӣ бахшида ба Даҳсолаи байналмилалии амал "Об барои рушди устувор" барои солҳои 2018-2028 дар мавзӯи "Об моро муттаҳид месозад" миёни занон ва донишҷӯдухтарон мизи мудаввар доир гардид.

Чорабиниро муовини ректор оид ба тарбия Аҳмадзода Б.С. оғоз намуд. Баъдан Амонатова Ф.Қ. - мутахассиси шуъбаи ташкилию тарбиявӣ, Норқулова Г.Р. - муаллими калони кафедраи Бехатарии фаъолияти инсон ва экология, Қаландарбекова Ш. ва Хушқадамова О. - донишҷӯёни курси сеюми факултети Технологияҳои инноватсионӣ бо маърӯзаҳои худ баромад намуданд.

Дар охир доир ба мавзӯи матраҳгардида саволу ҷавоб сурат гирифт.

изображение_viber_2022-05-27_21-02-57-843

Шуъбаи иттилоот ва робита бо ҷомеа.


Back to list