13-уми майи соли 2022 дар Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С. Осимӣ мизи мудаввар дар мавзӯи "Оила ва дунёи оиладорӣ" бахшида ба Рӯзи оила баргузор гардид.
Дар чорабинӣ сардори раёсати кор бо занон ва оилаи назди мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе - Зуҳурзода З.Ҳ., сармутахассиси бахши кор бо занони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Шоҳмансур - Умарова М., намояндаи Муассисаи давлатии "Маркази худшиносии бонувон дар шаҳри Душанбе" - Каримӣ С.К., адвокат-ҳуқуқшинос аз МД "Маркази худшиносии бонувон дар шаҳри Душанбе" - Ҳасанзода М.Ҳ., равоншинос, профессори кафедраи педагогикаи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон - Юнусова Н.М., занони донишгоҳ аз ҳисоби ҳайати профессорону устодон ва кормандони шуъбаву раёсатҳои донишгоҳ иштирок намуданд.
Мизи мудавварро муовини ректор оид ба тарбия - Аҳмадзода Б.С. оғоз намуда, ибтидо суханро ба профессори донишгоҳ - Аҳророва А.Д. дод, ки мавсуф доир ба занони муҳандис ва кору фаъолият дар коллективи мардонаи донишгоҳ сухан гуфт. Баъдан меҳмонон доир ба оилаву оиладорӣ ва маданияти оиладорӣ маърӯзаҳо намуданд.
Шуъбаи иттилоот ва робита бо ҷомеа.