12-уми майи соли 2022 дар Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С. Осимӣ вохӯрии намояндагони мақомоти ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон бо донишҷӯёни донишгоҳ баргузор шуд.
Дар чорабинии мазкур, ки мақсад аз баргузории он гузаронидани корҳои фаҳмондадиҳӣ ва тарғиби ҷавонон ба сафи Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳисси ватандӯстию ҷавонмардӣ буд, инчунин намояндагони комиссариатҳои ҳарбии ноҳияҳои вилояти Хатлон, намояндагони мақомоти ҳокимияти маҳаллӣ ва намояндаи Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок намуданд.
Дар вохӯрӣ муовини аввали ректор, муовин оид ба таълим - Маҳмадизода М.М., муовини ректор оид ба тарбия - Аҳмадзода Б.С., сардорони раёсатҳои донишгоҳ, деканони факултетҳо, мудирони шуъбаҳо ва донишҷӯён ширкат карданд.
Ҷаласаро муовини аввали ректор, муовин оид ба таълим - Маҳмадизода М.М. ҳусни оғоз бахшид. Баъдан меҳмонон бо баромадҳои худ тамоми паҳлуҳои ӯҳдадории ҳарбиро ба ҷавонон фаҳмониданд.
Шуъбаи иттилоот ва робита бо ҷомеа.