27-уми апрели соли 2022 муовини вазири мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, генерал-майор Шоҳиён Абдусаттор бо донишҷӯёни Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С. Осимӣ мулоқот кард. Дар мулоқот инчунин сардори кафедраи ҳарбии донишгоҳ полковник Бутаев Г.Т. низ ширкат дошт.
Ҷаласаро муовини аввали ректор, муовин оид ба таълим Маҳмадизода М.М. ҳусни оғоз бахшида, суханро ба Шоҳиён А. дод, ки мавсуф доир ба паҳлуҳои гуногуни ӯҳдадории ҳарбии ҷавонон суҳбати озод орост.
Дар охир ба намояндаи вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон донишҷӯён бо саволҳои зиёд муроҷиат намуда, ҷавобҳои қаноатбахш гирифтанд ва ваъда доданд, ки даъват ба сафи Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистонро бо хушҳолӣ мепазиранд ва дар мавриди даъват ба сафи Қувваҳои мусаллаҳ хоҳанд пайваст.
Шуъбаи иттилоот ва робита бо ҷомеа.