Мулоқот бо донишҷӯёни муқими хобгоҳ

 14.04.2022

11 апрели соли 2022 гурӯҳи корӣ иборат аз намояндагони шуъбаи ташкилӣ-тарбиявӣ, шуъбаи кор бо ҷавонон ва иттифоқи касабаи донишҷӯён ба хобгоҳи №3-и Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С.Осимӣ ташриф оварда, бо донишҷӯёни донишгоҳ мулоқот анҷом доданд.

Дар мулоқот масъалаи марбут ба пешгирии шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои террористӣ ва экстремистӣ, риояи қатъии муқаррароти Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллӣ" ва дар амал татбиқ намудани ҳадафҳои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи ҷавонон ва сиёсати давлатии ҷавонон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон" мавриди баррасӣ қарор гирифтанд. 

Мулоқот дар муҳити осоишта ва барои суҳбат мувофиқ доир гардид. Масъулин иброз доштанд, ки чун ҳамавақт минбаъд низ вохӯриҳо бо донишҷӯёни муқими хобгоҳҳои донишгоҳ ташкил ва баргузор карда мешаванд. 

IMG-20220412-WA0001   IMG-20220412-WA0002  IMG-20220412-WA0000 IMG-20220412-WA0007


Back to list