Рӯзи шанбе – 1-уми майи соли 2021 дар боғи ба номи Садриддин Айнии пойтахт бо мақсади иҷрои нақшаи чорабиниҳои фарҳангӣ бахшида ба 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С. Осимӣ барномаи фарҳангии худро баргузор намуд. Дар ин чорабинии фарҳангӣ ансамбли “Муҳандиси ҷавон”-и донишгоҳ бо барномаҳои ҷолиби фарҳангии худ баромад намуд.
Дар назар аст, тибқи нақшаи чорабиниҳо дар боғи Ирам ва майдони 800-солагии Маскав низ чунин барномаҳоро донишгоҳ то ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ баргузор менамояд.