РУШДИ ЭНЕРГЕТИКА ВА ТАТБИҚИ ҲАДАФИ СТРАТЕГӢ – ТАЪМИНИ ИСТИҚЛОЛИЯТИ ЭНЕРГЕТИКӢ

 10.09.2021

Бахшида ба 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон

 

Манбаи неруи обии Тоҷикистон нодир буда,  аз рўи захираҳои он ҷумҳурии мо яке аз ҷойҳои аввалинро дар ҷаҳон ишғол мекунад. Ин боигарии табиӣ стратегияи рушди энергетикаи ҷумҳуриро муайян кардааст.

Барномаи рушди соҳаҳои комплекси гармиву энергетикии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давраи солҳои 2010-2015 идомаи татбиқи лоиҳаҳои навсозӣ ва таҷдиди иншоотҳои асосии системаи энергетикӣ ба шумули неругоҳҳои барқи обӣ, зеристгоҳҳои трансформаторӣ ва хатҳои интиқоли барқро  пешбинӣ мекунад.

Дар замони имрӯза Тоҷикистон фақат 5-6% захираҳои гидроэнергетикии иқтисодӣ самаранок истифода мешаванд (истеҳсоли миёнаи солонаи энергияи электрикӣ дар НБО 16-17 миллиард киловатт* соатро ташкил медиҳад).

Дар зарфи 30 соли Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳукумати кишвар бо роҳбарии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба он назаррас шуд, ки неругоҳҳои Сангтуда 1 (670 МВт), Сангтуда 2 (220 МВт), Маркази гармию барқии Душанбе-2 (400 МВт), агрегати 1 -ум НБО Роғун 16 ноябри соли 2018 ва агрегати 2-юми ин неругоҳ  9 сентябри соли 2019, НБО Помир – 1 (28 МВт) ва зиёда аз 250 адад НБО хурд, дастгоҳҳои офтобиро ба истифода дода, зиёда аз 1500 МВт тавоноии навро ба даст орад. Ба истифода додани Маркази гармию барқии Душанбе-2 бо иқтидори 400 МВт ва эҳёи шабакаи гармирасонии шаҳри Душанбе боиси таъмини хубтари деҳот ҷойи ватанамон бо энергияи электрикӣ гардид.

Дар баробари ин, бунёди хатҳои интиқоли барқи ҳавоии 220 - 500 кВ ба монанди “Ҷануб - Шимол”, “Айнӣ - Панҷакент”, “Лолазор - Хатлон” “Қайроққум - Ашт” амалӣ гардида, ба сохтани чунин хатҳои барқ ба истилоҳи CASA -1000 санги асос гузошта шуда, дар назар аст, ки интиқоли энергияи электрикии дар неругоҳҳои навини бунёдшавандаро ба дохил ва кишварҳои ҳамсояи дуру наздик интиқол диҳад.

Сохтмони хати баландшиддати (ХБ) ХБ-500 кВ «Ҷануб - Шимол», ки тули умумии он 263 км мебошад, 17-ўми  сентябри соли 2007 сар шуда, дар  охири  моҳи  майи соли  2009 пеш аз мўҳлат ба охир расид. Хат аз зеристгоҳи «Регар-500» ибтидо гирифта, ба масофаи 49,9 км (Л-517) ба зеристгоҳи нав сохташудаи «Душанбе - 500» (бо шиддатҳои 500/220 кВ) ворид мешавад ва баъд бо хати номгўи танзимаш (диспетчериаш)Л-518 бо тули 213 км ба зеристгоҳи нави «Суғд – 500» кашида шудааст. Дар ЗБ «Душанбе» 1 автотрансформатор ва дар ЗБ «Суғд» 2 автотрансформатори якфазагии 3х167МВА гузошта шудаанд, ки шиддаташон 500/220/35 мебошад. Ин  хат барои интиқоли нерўи барқ ба шимоли Тољикистон, ки минтақаи камбуди неруи барқ мебошад, пешбинӣ шудааст.

Ҳамзамон, таҷдиди зеристгоҳҳои барқӣ ба мисли “ЗИБ Норак 500-220” ба пуррагӣ аз навсозӣ шуда, таҷдиди НБО Норак, Сарбанд, Қайроққум, азнавсозии элементҳои як қатор шабакаҳои барқии ҷумҳурӣ идома доранд, ки сол ба сол боэътимод гардидани таъминоти хоҷагии халқ бо энергияи электрикӣ шоҳиди ин мебошад.

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистони соҳибистиқлол зарурияти беандоза бузурги сохтмонҳои азиму гаронқимати соҳаи энергетикаро пурра дарк намуда, бо иродаю матонати хос, ба тамоми фишорҳои бисёрҷониба нигоҳ накарда, тавонист, ки дар арсаи байналхалқӣ барои давом додани сохтмони неругоҳи Роғун ҷонибдорӣ ёбад, то ки он бо нишондодҳои пешбинишуда бо сарбанди бузургтарини баландиаш 335 метра,  иқтидори 3600 МВт ва истеҳсоли солонаи энергия 13,4 миллиард кВт·соат сохта шавад.

Захира намудани оби дарёи Вахш дар обанбори Роғун, ба монанди обанбори Норак, ҳамчунон боиси боэътимодтар шудани таъминоти обёрии заминҳои ҷумҳуриҳои ҳамсоя хоҳад шуд, ки ба ҳоли ҳозир доир ба ин масъала ҳамдигарфаҳмии пурра мавҷуд аст.

Дар айни замон таъминоти обии соҳаи зироати Ўзбекистон, Туркманистон ва Афғонистон, сарфи назар аз обдории сол, танзим мегардад.

Ҳамин тавр сохтмони неругоҳҳои  барқи обии дар ҷумҳуриамон ва бунёди обанборҳо дар дараҳои танги кўҳї моро аз зарари зиёди бухоршавї халос карда, ба иқлим, экологияи  муҳити атроф таъсири ҳадди аққал расонида, имкон медиҳад, ки дар якљоягї масъалаҳои таъминоти нерую об дар минтақаи Осиёи Марказї ба таври умум барои ояндаи  наздику дур ҳаллу фасл шаванд.

Ин њал инкишофи на фақат бахши саноати иқтисодиёт, балки зиёдшавии тавлидоти зироатро таъмин карда, амнияти хуроквории кишварҳои Осиёи Марказиро таҳким бахшида, дар навбати худ кишварҳои минтақаро ҷиҳати дастрасӣ ба ҳадафи Рушди ҳазорсола таккони зиёд мебахшад.

Амалӣ созии нақшаҳои зикргардида истиқлолияти энергетикии Тоҷикистонро пурра таъмин намуда, зербинои гузаштан ба мамлакати саноатӣ – аграрии он хоҳад шуд, ки ҳадафи чоруми стратегии кишвар аст.

         Неругоҳи Роғун сутунмӯҳраи мустаҳками иқтисодиёт шуда, манбаи пешравии саноатӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии Ватанамон мегардад.

Яке аз муҳимтарин сохтори Комплекси сўзишворию энергетикӣ соҳаи ангишт ба ҳисоб меравад, ки дар паст намудани маҳдудияти энергетикӣ ва таъмини истиқлолияти энергетикии кишвар дар ҳамкорӣ бо сармоягузорони ватанию хориҷӣ метавонад нақши муайянкунанда дошта бошад.

         Дар Консепсияи рушди комплекси сўзишворию энергетикии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2003-2015 барҳам додани бўҳрони иқтисодии соҳаи ангишт ва ба яке аз соҳаҳои устувор ва мунтазам тараққикунандаи энергетикаи мамлакат табдил додани он ба назар гирифта шуда буд.

         Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон истихроҷи ангишт соли 1902 дар кони ангишти Шўроби ноҳияи Исфара оғоз гардидааст. Истихроҷи зиёдтарини ангишт дар соли 1979 буда, он ба 980 ҳазортонна расонида шудааст. Муайян карда шудааст, ки ҳамаи захираҳои ангишт дар мамлакатамон зиёда аз 4,5-5,0 млрд. тоннаро ташкил менамояд. Ба соли 2011 дар ҷумҳурӣ дар 11 кон истихроҷи ангишт ба роҳ монда шуд. Аз соли 2001 то он ҷониб 9-тои он мавриди истифода буд.

         Коркарди зеризаминӣ аз соли 2001 оғоз шуда, коркарди тарзи кушоди конҳои ангишт дар ноҳияҳои Рашт (кони«Назар - Айлоқ»), Тавилдара (кони «Миёнаду»), Варзоб («Зиддӣ»), Шаҳринав («Ҳакимӣ») ва дигар ноҳияҳо ба роҳ монда шуд.

         Иктишофи соҳаи ангишт ва танзими давлатии идоракунии соҳа дар асоси «Барномаи мақсаднок барои солҳои 2005-2015», «Консепсияи тараққиёти соҳаҳои Комплекси сўзишворию энергетики Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давраи 2003-2015», Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи иҷозатномадиҳӣ ба баъзе намудҳои фаъолият» ва дигар қоидаҳою қарорҳо ба роҳ монда шуд. Амалӣ шудани барномаву консепсияи тараққиёти соҳа натиҷаи онро дод, ки шумораи корхонаҳо аз 2 ба 16 адад, техникаи карйерӣ аз 35 ба 213 расид.

Аз соли 2007 технологияи коркарди хокаи ангишт барои истеҳсоли брикет бо ҳаҷми солонаи зиёда аз 18500 тонна ташкил шуда, содироти ангиштсанг аз соли 2007 то ба соли 2011 ба Афғонистону Покистон 20000 тоннаро ташкил дод. Дар моҳҳои май-августи соли 2011 содироти ангиштсанг зиёда аз 13000 тоннаро ташкил дод.

Бо ҷалби ширкатҳои хориҷию ватанӣ таҳияи асосоноккунии техникию иқтисодии (АТИ-ТЭО) коркарди конҳои ангишт ва сохтмони марказҳои гармию барқ дар заминаи конҳои Фон-Яғноб, Шўроб ва Зиддӣ ба анҷом расонида шудааст.

Дар ҷамъбасти соли 2010 истеҳсоли ангишт ба 203,3 ҳазор тонна расид, ки нисбат ба соли 2000-ум қариб 10 маротиба зиёд мебошад.

Инкишофи саноати ангишт ҳамчун соҳаи афзалиятноки иқтисодиёти ҷумҳурӣ дар маркази диққат буда, самти тараққиёти он барои солҳои 2011-2015 ба сохтмони комплекси мукаммали ҳозиразамони истихроҷ ва коркард, таҷдиди базаи техникию истеҳсолии корхонаҳо, ҷалби сармояи ватанию хориҷӣ барои рушди соҳа, ба таври саноатӣ ба роҳ мондани истихроҷи ангишт дар конҳои Шўроб, Фон-Яғноб, Зиддӣ ва Назар-Айлоқ, мавриди омўзиш қарор додани истифодаи ангишт ҳамчун сўзишвории алтернативӣ нисбати маҳсулоти нафтӣ ва гази табиӣ, сохтмони заводи коксбарорӣ, гузаронидани корҳои иктишофӣ-геологӣ, тайёр намудани мутахассисони соҳавӣ ва барои расонидани иқтидори соҳаи саноати ангишт то ба соли 2020 ба дараҷае, ки мустақилии ҷумҳуриро бо сўзишвории сахт таъмин менамояд, равона карда шуд. Дар ояндаи наздик соҳаи ангишт дар таъмини истиқлолияти энергетики кишварамон нақши муҳимро хоҳад гузошт.

Марҳила ба марҳила бо роҳнамоии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мамлакат ба истиқлолияти энергетикӣ расида истодааст. Ҳамзамон, ҳар як шаҳрванди Тоҷикистон бояд ба қадри неъмати бебаҳои табиат расида, энергияи электрикиро сарфакорона истифода бурда, ба исрофи он роҳ надиҳад.

 

Раҳимов Ҷамшед - декани факултети энергетикӣ, номзади илмҳои техникӣ, дотсент


Back to list