ПОРАЕ АЗ ДАСТОВАРДҲОИ ЗАМОНИ ИСТИҚЛОЛ

 10.09.2021

Мардуми кишвар имсол бо ифтихор ва фараҳмандӣ 30-солагии истиқлоли миллию давлатии худро ҷашн мегиранд. Ба ҳар як шахси ватандӯст ва худогаҳ маълум аст, ки ин истиқлолият барои мардуми кишвар муқаддастарин ва бузургтарин дастоварди таърихи навини Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳисоб меравад. Истиқлолият ва соҳибихтиёрии давлати миллии мо, ки баъди муборизаҳои зиёди садсолаҳо ва заҳмати зиёди басо сангини мардуми озодихоҳи мо ба даст омада дар назди мо иҷрои вазифаи бисёр пурмасъулияти таърихиро гузошт. Чуноне ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар яке аз суханҳои худ қайд намудаанд : “бунёди давлати навини ҷавобгӯ ба манфиатҳои халқи кишвар ва эҷоди давлатдории муосири тоҷикон муҳимтарин вазифаи мо дар ин даврони ҳассосу мушкил ба шумор меравад”.

Дар ин давра таъмини истиқлолияти энергетикӣ, аз бунбасти коммуникатсионӣ баровардани мамлакат, ҳифзи амнияти озуқаворӣ, саноатикононии босуръати мамлакат, ҳифзи мероси пурарзиши таърихиямон, таъмини рушди илму маориф ва фарҳанг муҳимтарин самтҳои стратегии сиёсати давлат буданд. Ҳукумати ҷумҳурӣ пайваста ба рушди арзишҳои миллию мазҳабии мардуми кишвар диққати ҷиддӣ медиҳад. Омӯзиш, ҳифз ва рушди арзишҳои миллию мазҳабиямон барои ба ҷомеаи ҷаҳонӣ бо чеҳраю симои хоси худ ворид шудан, чун давлати мутамаддини миллӣ сӯи низоми демократию дунявӣ ва ҷомеаи шаҳрвандӣ дар баробари давлатҳои мутамаддини демокративу дунявӣ пеш рафтан мусоидат менамояд.

Миллати тоҷик дар шикасту рехти таърих дар давраи навин соҳиби Истиқлолият гардид, ки яке аз арзишҳои олии умумиинсонӣ ва орзуи ҳазорон наслҳои гузаштаи мо гардид. Таърих гувоҳ аст, ки мардуми тоҷик дар масири таърих чандин абармардҳои бузургро дар роҳи ба даст овардани истиқлолият аз даст додааст. Қаҳрамонони таърихии халқи тоҷик ба монанди Спитамену Муқаннаъ, Деваштичу Темурмалик ва садҳо нафари дигар дар ҳар давр кӯшиши аз зери зулми низоми аҷнабӣ баромаданро намуда буданд. Истиқлолияте, ки мо соҳиб гаштаем ба осонӣ ба даст наомада, балки натиҷаи муборизаи чандинасра ва ҷоннисориҳои ҳазорон намояндаи ин халқи шарафманду озодихоҳ аст. Халқҳои гуногуни ҷаҳон барои ба даст оварани истиқлолияти миллӣ чӣ гуна ҷоннисориҳо кардаанд, вале то ҳол ҳамчун қавмҳои пароканда бо орзуи соҳибистиқлол гардиданашон дар кишварҳои мухталиф зиндагӣ доранд.

Дар замони Истиқлолият яке аз масъалаҳои душвортарини ин масъалаи бо нерӯи барқ таъмин амудани аҳолии кишвар ба ҳисоб мерафт. Бинобар ин, яке аз ҳадафҳои асосии стратегии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки баҳри таъмини аҳолӣ бо нерӯи барқ ва фаъолияти мунтазами корхонаҳо зарур буд, истиқлолияти энергетикӣ қарор гирифт. Дар доираи Барномаи дарозмуддати бунёди силсилаи нергоҳҳои хурди барқӣ дар давраи солҳои 2009-2020 даҳҳо нерeгоҳи обии хурд сохта ба истифода дода шуд.  Аз ҷумла, сохмони  нерӯгоҳҳои барқи  обии «Сангтӯда-1», «Сангтӯда-2», ба охир расонда шуд ва он алҳол ба манфиати халқ хизмат мекунад. Таҷдиду бунёди неругоҳи бузурги аср - НБО-и Роғун, ки барои мардуми шарафманди Точикистон сохтмони сарнавиштсоз майдони нангу номус мебошад. Хатҳои баландшиддати интиқоли нерӯи барқи Ҷануб - Шимол, Лолазор – Хатлон, Лолазор - Сангтӯда-1, 2 ба  истифода  дода шуданд. Хусусан ба кор даромадани  хатти  500 киловаттаи Ҷануб-Шимол ва дар пойгоҳи асосии он насб гардидани трансформатори дуюм - ин ғамхории бузурги Ҳукумати Ҷумҳурӣ барои сокинони вилояти Суғд дар мавсими тобистону зимистон маҳсуб мешавад. Инчунин дар ин муддати кӯтоҳ ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муяссар гардид, ки  ду агрегати  НБО-и Роғунро  низ ба гардиш дарорад.

Дар самти  пиёда сохтани ҳадафи дигари стратегӣ, яъне аз бунбасти коммуникатсионӣ баровардани мамлакат низ Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикстон ба дастоварҳои назаррас ноил гардида дар зарфи 30 соли истиқлоият ба ин ҳадаф ноил гардид.  Бунёди роҳҳои оҳан ва автомобилгард, ба монанди «Роҳи мошингарди Бадахшон», «Нақби Истиқлол», «Роҳи оҳани Хатлону Кӯлоб», қадами бузург баҳри иҷрои ҳадафҳои стратегӣ ва омили муҳим дар амри ҳамгироии ҷомеа мебошанд. Бо ибтикори Президенти Тоҷикистон дар давраи соҳибистиқлолӣ дар кишвар аз ҳисоби лоиҳаҳои давлатии сармоягузорӣ беш аз 2100 километр роҳҳои мошингарди дорои аҳамияти байналмилаливу ҷумҳуриявӣ ва зиёда аз 1000 километр роҳҳои мошингарди дохилӣ аз ҳисоби дигар сарчашмаҳои маблағгузорӣ бунёду таҷдид карда шуданд. Роҳҳои  аҳамияти байналмилалӣ дошта рагҳои хунгузари иқтисодиёти миллӣ мебошанд. Дар натиҷаи фаоъолияти  ин шоҳроҳ  ҳамчунин инкишофи инфрасохтории шаҳру деҳоти Тоҷикистон вусъат гирифт.   Чор фасли сол робитаи мустақими заминиву ҳавоӣ бо тамоми минтақаҳои кишвар ва хориҷи он барқарор гардид.

Ба ҳайси Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар  эҳёи анаънаҳои миллӣ, ҳифзи забон ва фарҳанги тоҷик корнамои фавқуллода  кардаанд.

Бо ибтикори Пешвои миллат дар даврони Истиқлолияти давлатӣ оину ҷашнҳои миллӣ ва арзишҳои фарҳангие, ки дар давоми асрҳо ягонагии маънавии мардумро ҳифз мекарданд, аз қабили Наврӯз,Тиргон, Меҳргон, Сада, Шашмақом, Фалак, атласу адрас, чакан ва монанди инҳо, эҳё гардиданд.

Бо талошҳои пайвастаи муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қисме аз онҳо, аз ҷумла, Шашмақом ва Наврӯз, ба Феҳристи мероси ғайримоддии ЮНЕСКО ва шаҳри қадимаи Саразм ба Феҳристи мероси моддии ташкилоти зикршуда ворид гардиданд. Аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ эътироф гардидани мероси таърихиву фарҳангии мо аз як тараф эътирофи тоҷикон ҳамчун миллати тамаддунсозу фарҳангӣ бошад аз тарафи дигар натиҷаи босамари   талошҳои Пешвои миллат  мебошад . Бо Қарори Ҳукумати ҶумҳурииТоҷикистон ёдго-рии қадимии Саразм, ки дорои таърихи 5500 сола мебошад, ҳамчун марка-зи ташаккули тамаддуни кишоварзӣ, ҳунармандӣ ва шаҳрсозиитоҷикон-«Мамнуъгоҳи таърихиву бостоншиносии Саразм» эълон гардид. Сарвари давлат зимни дидору мулоқот бо зиёиёни кишвар дар санаи 19 марти соли 2018 пешниҳод намуда буданд, то соли 2020-ум 5500-солагии Саразми бостонӣ ҳамчун маркази ташаккули маданияти кишоварзӣ, ҳунармандӣ ва шаҳрсозии тоҷикон ҷашн гирифта шавад.

Соли 2020 ҷашни яке аз ёдгориҳои бостонии кишварамон — шаҳри қадимаи Саразмро доир намоем. Ин маъракаи муҳими фарҳангӣ имкон медиҳад, ки мо маданияти беш аз 5500 — солаи аз ҷониби доираҳои илмии ҷаҳон эътирофшудаи худро ба ҷаҳониён ба таври шоиста муаррифӣ созем.

Дар замони соҳибистиқлолӣ ба рушди фарҳанги миллӣ диққати ҷиддӣ зоҳир карда шуд. Таҷлили 1100-солагии давлати Сомониён, Соли тамаддуни ориёӣ, Бузургдошти 1150-солагии сардафтари адабиёти тоҷику форс маликушшуаро Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ, 2500-солагии шаҳри Истаравшани бостонӣ, 2700-солагии шаҳри Кӯлоб, 700-солагии Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ, 3000-солагии шаҳри Ҳисор, бузургдошти Пешвои мазҳаби ҳанафӣ - Имом Аъзам, Ҷомиву Туғрал, Садриддини Айнӣ, Бобоҷон Ғафуров, Мирзо Турсунзода ва дигар бузургону азизони миллат мутантан ҷашн гирифта шуд.

Дар шароити хатарзои ҷаҳони муосир арҷгузорӣ ба рукнҳои давлатсози ҷомеа - забон, фарҳанг, тамаддун ва анъанаҳои миллӣ бамаротиб зиёд мегардад. Ба ақидаи гурӯҳе аз пажӯҳишгарон дар сад соли оянда хатари аз байн рафтани тақрибан ҳаштод дарсади забонҳои дунё вуҷуд дорад. Бо назардошти ин, Ҳукумати Тоҷикистон ҷиҳати рушду такомули забони тоҷикӣ ҳамвора чорасозӣ мекунад ва таваҷҷуҳи шахсии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон  нисбат ба ин масъала намунаи беҳтарини ҳифзи арзишҳои миллӣ ба ҳисоб меравад.

Дар замони соҳибистиқлолӣ бо ибткори Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар кишвар оид ба гиромидошти забони тоҷикӣ як қатор асноду дастурҳои муҳим қабул гардидааст.  Соли 1995 Комиссияи татбиқи Қонуни забон дар назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис гардид, соли 1997 Барномаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон доир ба тавсеа ва рушди забони давлатӣ ба тасвиб расид, соли 1998 бо қарори Ҳукумат Имлои нави забони тоҷикӣ тасдиқ гардид ва ниҳоят, 5 октябри соли 2009 бо имзои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Қонуни нави Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуд.

Натиҷаи ҳамин сайъу талошҳои Ҳукумати ҶТ буд, ки имрӯз забони тоҷикӣ дар ҷомеа мавқеи мустаҳкам пайдо намуда, ба забони илм, муоширати байни миллатҳои Тоҷикистон бадал шудааст. Бо ин забон даҳҳо номгӯи матбуоти чопӣ интишор мегардад, барномаҳои зиёди радио ва телевизионӣ таҳия гардида, китобҳои дарсӣ, маводи таълимӣ ва омӯзишии зиёд  чоп мешавад. Бо фаъолияти Комиссияи Олии Атестатсионии Тоҷикистон забони рисолаҳои илмӣ низ тоҷикӣ хоҳад буд ва ин маънои онро дорад, ки минбаъд забони тоҷикӣ ба ҳайси забони илм дар тамоми соҳаҳои ҷомеа мавриди амал қарор гирифта, ақидаи иддае аз пажӯҳишгаронеро, ки гӯё ин забон ба сифати забони илм ниёзҳои ҷомеаро бароварда наметавонад, ботил месозад.

Бо ташаббуси Сардори давлат пеш аз ҳама фазои расонаии мамлакат бо барномаҳои тарғибкунандаи забон, урфу одат ва анъанаҳои мардумӣ мукаммал гардонда шуд. Арзи ҳастӣ намудани шабакаҳои нави радио ва телевизионӣ, агар аз як тараф, барои рушд ва тақвияти забони миллӣ  мусоидат намоянд, аз ҷониби дигар, барои дар рӯҳияи солим ташаккул додани афкори миллӣ нақш мебозанд. Забон василаи сохтани ҳувияти миллист, шахсе ки асолати худро мешиносад, аз Ватан ва муқаддасоти миллӣ ифтихор мекунад ва бад ин васила худшинос ва худогоҳ мегардад. Яъне, забон қисми таркибии ҳуввияти миллӣ буда, воситаи заминасоз барои падидории ифтихори миллӣ дар замири ҳамватанон аст. Ҳамин таваҷҷуҳу ғамхорӣ ва ҳисси баланди худшиносии Президент буд, ки бо тасмими ӯ соли 2008 Соли бузурдошти забони тоҷикӣ эълон гардид. Баргузории чорабиниҳои ҷашнӣ эҳсоси худшиносии ҷомеаро бамаротиб боло бурд ва марҳилаи тозаеро дар рушди забони тоҷикӣ фароҳам овард.

Давлат ва Ҳукумати Тоҷикистон ҷиҳати рушди инкишофи фарҳанги исломии ҷомеа як силсила тадбирҳо, аз ҷумла таҷлил намудани 1310 – солагии Имоми Аъзам ва Соли бузургдошти ин шахсияти бузурги олами ислом эълон шудани соли 2009, баргузории ҳамоиши байналмилалии «Имоми Аъзам ва ҷаҳони муосир», таҷлили ҷашну санаҳои таърихии мутафаккирон ва шахсиятҳои бузурги диниву фарҳангии миллати тоҷик, аз ҷумла Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ, Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ, Носири Хусрав, Абуҳомид Муҳаммади Ғазолӣ, Имом Бухорӣ, эҳёи ёдгориҳои таърихии Ҳулбук, Кӯлоб, Истаравшан, Панҷакенту Ҳисорро ба анҷом расонид.

Бояд зикр кард, ки давлат барои фаъолияти иттиҳодияҳои динӣ аз ҷумла масҷидҳо бевосита мусоидат менамояд.  Бояд қайд кард, ки дар Тоҷикистон барои хоҳишмандон ба маълумоти динӣ шароитҳо хуб фароҳам оварда шудааст.Сохтани иншоотҳои муосири динӣ (масҷидҳо) дар даврони Истиқлол  ба яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати динии кишвар мубаддал гашт. Агар дар замони шуравӣ дар қаламравӣ мамлакатмон 17 масҷид вуҷуд дошт буд, имрӯз бошад зиёда аз 4500 масҷидҳои панҷвақта ва ҷомеъ фаъолият менамоянд. Ин аз он гувоҳи медиҳад, ки ҳукумати Ҷумҳурӣ ба бунёди иншоотҳои муосири динӣ таваҷҷӯҳ зоҳир менамояд. Аз ҷумла ба дастгирии давлат дар пойтахти Тоҷикистони соҳибистилоламон сохтмони бузуртарин масҷиди ҷомеи дар минтақаи Осиёи Марказӣ бо ғунҷоиши 115000  намозгузор ба анҷом расид, ки санги нахустини пойдевори онро Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон гузоштаанд. Масҷиди марказии ҷомеи шаҳри Душанбе бузургтарин иншооти динии кишвар дар солҳои соҳибистиқлолии Тоҷикистон аст. Бар замми ин, ҳамчун рӯзҳои иди миллӣ таҷлил гардидани идҳои Рамазон ва Қурбон, тарҷума ва нашри Қуръони маҷид бо тафсири он, ба забони тоҷикӣ ҳамчун ҳадя ба ҳар хонадону шахси бомаърифат, бунёди калонтарин масҷиди ҷомеъ дар шаҳри Душанбе, таъсиси Донишкадаи исломии Тоҷикистон, таъсиси муассисаи давлатии «Маркази исломшиносӣ дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон», баргузории озмунҳои ҷумҳуриявии қориёни Қуръон, ба тасвиб расидани қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи озодии виҷдон ва иттиҳодияҳои динӣ», «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд», дар муассисаҳои таълимии таҳсилоти умумӣ ҷорӣ шудани фанни таълимии «Таърихи дин», дар донишгоҳҳо омӯзиши фанни «Диншиносӣ» ва монанди инҳо далели равшани таваҷҷуҳи махсуси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба масъалаҳои дин ва арзишҳои динӣ ҳамчун яке аз рукнҳои асосии фарҳангу ҳувияти миллии тоҷикон мебошад.

Солҳои охир гулгашту хиёбонҳои пойтахти азизамон таҳти сарварии Пешвои муаззами миллат ва ҷидду ҷаҳди бевоситаи Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ  ободтару зеботар гашта, маҳбуби дили сокинони пойтахту кишвари азизамон ва меҳмонони шаҳрамон гаштаанд. Бунёди пайкараи аввалин давлатдори тоҷикон Исмоили Сомонӣ, барафрохтани Парчами миллӣ, китобхонаи миллӣ, осорхона, театр, сохтмони садҳо биноҳои баландошёна давлати моро дар қатори кишварҳои пешрафта қарор дода, аз дастовардҳои истиқлолият маҳсуб меёбанд. Сокинону меҳмонон бо завқ дар пойтахти мамлакатамон сайру гашт намуда, сайёҳони хориҷӣ шаҳри Душанберо «Шаҳри гулҳо» ном гузоштаанд. Бо ташаббуси муҳтарам Рустами Эмомалӣ  дар ш. Душанбе корҳои ободониву созандагӣ вусъати тоза пайдо кард. Садҳои корхонаву муассисаҳои нав арзи вуҷуд намуда, аксар бино ва иншооти мақомоти давлатӣ, аз ҷумла ҳифзи ҳуқуқу тартибот, амният, соҳаи маорифу тандурустӣ, фарҳанг, варзиш, майдончаи нави варзишӣ барои кӯдакон бунёд ва азнавсозӣ гардиданд. Умуман дар кишвар садҳо майдонҳои варзишии хурду бузург, боғу гулгаштҳо бунёд гардиданд.   Масалан шумораи умумии иншооти варзишии танҳо дар зарфи солҳои 2008-2018 дар Тоҷикистон ба истифода додашуда,  зиёда аз 9300 адад аст.

Дар сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон  бо ибтикори Президенти кишвар таҳким ва густариши робитаҳо дар доираи сохторҳои ҳамкории байналмилаливу минтақавӣ, ҳамчунин, созмонҳои байналмилалии молиявӣ аҳамияти  хосса  пайдо кард. Муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон муаллифи чор ташаббуси бузургест, ки дар сатҳи ҷаҳонӣ амалӣ шуда ва мешаванд: «Соли байналмилалии оби тоза, 2003», «Даҳсолаи байналмилалии амалиёт «Об барои ҳаёт, 2005-2015», «Соли байналмилалии ҳамкорӣ дар соҳаи об, 2013» ва Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, 2018-2028».

Ҳоло давлати мо дар самти тараққиёт қадамҳои устувор гузошта, дар бисёр нишондиҳандаҳо дар минтақа пешсаф мебошад. Иқтисодиёти Тоҷикистон баланд шуда, мо ба кишвари содиркунанда табдил гардидем. Истихроҷи тиллову нуқра, алюминий ва маъданҳои гуногун, истеҳсоли молҳои ниёзи мардум, нуриҳои минералӣ, сементу кабел, истеҳсоли автобусҳои замонавӣ камтарин дастовардҳои истиқлолият мебошанд.

Солҳои охир гулгашту хиёбонҳои пойтахти азизамон, шаҳру вилоятҳои дигар ободтару зеботар гашта, маҳбуби дили сокинони пойтахту кишвари азизамон ва меҳмонони шаҳрамон гаштаанд. Дар тамоми даврони истиқлолият, аз тарафи Пешвои фарзонаи миллат бахшида ба ин ё он соҳаи ҳаёт солгард эълон карда мешавад, ки натиҷаи онро дар ҷамъбасти ҳар сол метавон ба хубӣ дарк намуд. Кишваре, ки ҷангзадаву ноором буд, ба як мамлакати ободу зебо ва минтақаи сайёҳӣ табдил ёфтааст. Сол то сол тааҷҷуби сайёҳон оиди кишварамон баръало мушоҳида мешавад. Бунёд гаштани осорхонаҳо, театрҳо, марказҳои фарҳанг, боғҳои фароғатӣ, гулгашт ва хиёбонҳо дар ҳар як шарҳу ноҳияҳои мамлакат тасдиқкунадаи гуфтаҳои болост.

Истиқлолият барои мо имконият фароҳам овард, ки роҳи имрӯзу ояндаи миллат ва пешрафти минбаъдаи кишвари азизамонро ба сӯи ҷомеаи демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявӣ интихоб намоем.  Истиқлолият барои мо рамзи олии Ватану ватандорӣ, бузургтарин неъмати давлатсозию давлатдории мустақил, кору пайкорҳои пайгиронаи созандагӣ, азму талошҳои фидокоронаи расидан ба истиқлолияти сиёсӣ, иқтисодӣ ва фарҳангиро омӯзонда, меъёрҳои ҷомеаи шаҳрвандиро таҳким бахшид ва дар як вақт ҳаёти озодонаи ҳар фард ва олитарин дараҷаи бахту саодати воқеии миллатро таъмин намуд. Истиқлолият барои мо нишони барҷастаи пойдории давлат, бинои симои миллат, рамзи асолату ҳувият, мазҳари идеалу ормонҳои таърихӣ, шиносномаи байналмилалӣ ва шарафу эътибори ба ҷаҳони мутамаддин пайвастани кишвари соҳибистиқлоли Тоҷикистон мебошад.

Мардуми тоҷик махсусан ҷавонони тоҷик, ки баъзан ба қадри ин неъмати бебаҳо нарасида, ба гурӯҳҳои гуногуни ифротгаро шомил мегарданду андеша намекунанд, ки соҳибихтиёрӣ ба ивази чӣ қадар ҷоннисорӣ ва фидокорӣ ба даст омадааст. Ҷавонони саодатманд бояд бидонанд, ки истиқлолият ин яке аз арзишҳои волотарини ҳар халқ ба ҳисоб меравад. Тухми он ниҳоле, ки абармардони тоҷик барои насли оянда кошта буданд, акнун ба бор омадаасту маҳсули онро насли имрӯза чашида истодааст. Инак дар сарзамини мо сулҳу ваҳдати комил ҳукмрон аст. Мо шукри ин неъмати бебаҳоро карда бояд аз сидқи дил хонем, омӯзем ва дар пешрафту тараққии ҷамъияту ободии кишвари азизамон – Тоҷикистон саҳми босазое гузошта тавонем. Мо миллати сарбаланди тоҷик сарнавишти худро бояд худамон муайян намоем.

Самадов Ҳ.Ҳ.

Ҳусейнов Ш.А.

 


Back to list