АМРИ
ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

1. Ба ифтихори ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2020 озмуни «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» баргузор карда шавад.
2. Низомнома, ҳайати комиссия, ҷоизаҳои озмун ва рӯйхати адабиёти тавсияшаванда тасдиқ карда шаванд (замимаҳои 1, 2, 3 ва 4).
3. Вазоратҳои маориф ва илм, фарҳанг, Академияи илмҳо, Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон, кумитаҳои телевизион ва радио, кор бо ҷавонон ва варзиш, кор бо занон ва оила, дин, танзими анъана ва ҷашну маросим, муассисаи давлатии «Китобхонаи миллии Тоҷикистон» барои дар сатҳи баланд доир гардидани озмуни мазкур чораҳои зарурӣ андешанд.
4. Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳои Суғду Хатлон, шаҳри Душанбе ва шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ иҷрои талаботи амри мазкурро таъмин намуда, барои ҷалби бештари дӯстдорони каломи бадеъ чораҷӯӣ карда, ғолибон ва омӯзгорони онҳоро бо мукофоти пулӣ ва ифтихорномаву сипосномаҳо қадрдонӣ намоянд.
5. Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳисоби маблағҳои фонди захиравии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки барои соли 2020 пешбинӣ гардидаанд, ба Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати амалӣ намудани чорабинии мазкур 1 646 400 (як миллиону шашсаду чилу шаш ҳазору чорсад) сомонӣ ба таври нақд ҷудо намояд.
6. Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон истифодаи мақсадноки маблағи ҷудошударо таъмин намуда, оид ба хароҷоти он ба Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳисобот пешниҳод намояд.
7. Назорати иҷрои амри мазкур ба зиммаи бахши ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа гузошта шавад.

Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
ш. Душанбе
5 феврали соли 2020
№АП-1339

Рӯйхати
адабиёти тавсияшаванда барои иштирокчиёни озмуни
«Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст»

1Номинатсияи хондан ва аз ёд кардани осори адибони классикии тоҷик:

ғазал - на кам аз 100 ғазал (аз Абӯабдулло Рӯдакӣ ва ҳамасрони ӯ, Саноии Ғазнавӣ, Шайх Фаридаддини Аттор, Адиб Собири Тирмизӣ, Ҷалолиддини Балхӣ, Саъдии Шерозӣ, Амир Хусрави Деҳлавӣ, Фахриддини Ироқӣ, Ҳофизи Шерозӣ, Камоли Хуҷандӣ, Хоҷуи Кирмонӣ, Абдураҳмони Ҷомӣ, Мир Алишер Навоӣ, Камолиддини Биноӣ, Бадриддини Ҳилолӣ, Абдураҳмони Мушфиқӣ, Абдулқодири Бедил, Зебуниссо, Соиби Табрезӣ, Сайидои Насафӣ, Абдулқодирхоҷаи Савдо, Шамсиддин Шоҳин ва дигарон);

рубоӣ ва дубайтӣ - на кам аз 120 рубоӣ ва дубайтӣ (аз Абӯабдулло Рӯдакӣ ва ҳамасрони ӯ, Абуалӣ ибни Сино, Адиб Собири Тирмизӣ, Ҷалолиддини Балхӣ, Бобо Тоҳири Урён, Абусаиди Абулхайр, Хоҷа Абдуллоҳи Ансорӣ, Умари Хайём, Аттори Нишопурӣ, Саъдии Шерозӣ, Ҳофизи Шерозӣ, Камоли Хуҷандӣ, Абдураҳмони Ҷомӣ, Мир Алишер Навоӣ, Абдулқодири Бедил, Соиби Табрезӣ ва дигарон);

қасида - на кам аз 100 байт (аз Абӯабдулло Рӯдакӣ ва ҳамасрони ӯ, Кисоии Марвазӣ, Абулқосим Унсурӣ, Анварии Абевардӣ, Абулҳасан Фаррухии Сиистонӣ, Абунаҷм Манучеҳрии Домғонӣ, Адиб Собири Тирмизӣ, Масъуди Саъди Салмон, Носири Хисрав, Хоқонии Шервонӣ, Ҳаким Саноии Ғазнавӣ, Камолиддин Исмоили Исфаҳонӣ, Ҷалолиддини Балхӣ, Саъдии Шерозӣ, Абдураҳмони Ҷомӣ, Абдулқодири Бедил, Шамсиддин Шоҳин ва дигарон);

порча аз достон - на кам аз 150 байт (аз Абӯабдулло Рӯдакӣ ва ҳамасрони ӯ, Абумансури Дақиқӣ, Абулқосим Фирдавсӣ, Саноии Ғазнавӣ, Аттори Нишопурӣ, Низомии Ганҷавӣ, Ҷалолиддини Балхӣ, Амир Хусрави Деҳлавӣ, Ҳоҷуи Кирмонӣ, Абдураҳмони Ҷомӣ, Бадриддин Ҳилолӣ, Абдулқодири Бедил, Камолиддини Биноӣ, Фитрати Зардӯзи Самарқандӣ, Ҷунайдуллоҳи Ҳозиқ, Мирзо Содиқи Муншӣ, Шамсиддин Шоҳин ва дигарон);

дигар навъҳои шеърӣ (қитъа, мухаммас, мусаммат, мусаллас, тарҷеъбанд, таркиббанд ва ғайра) - 100 байт аз шоирони классик;

осори мансури (насрии) классикӣ - «Томирис ва Куруш», «Шерак», «Авасто», «Ёдгори Зарирон», «Дарахти Ассурик», «Корномаи Ардашери Бобакон», «Калила ва Димна», «Ёдгори Бузургмеҳр», «Андарзи доноён ва маздоясно», «Андарзи Хусрави Ковадон», «Андарзи Пурйуткешон», «Бундаҳишн», «Динкард», «Сафарнома»-и Носири Хисрав, «Қобуснома»- и Унсурмаолии Кайковус, «Гулистон»-и Саъдии Шерозӣ, «Баҳористон»-и Абдураҳмони Ҷомӣ, «Бадоеъ-ул-вақоеъ»-и Зайниддин Маҳмуди Восифӣ, «Ахлоқи Мӯҳсинӣ»-и Ҳусайн Воизи Кошифӣ, «Наводир-ул-вақоеъ»-и Аҳмади Дониш ва ғайра;

намунаҳои насри ривоятӣ: «Ҷомеъ-ул-ҳикоёт», «Чаҳор дарвеш», «Ҳазору як шаб», «Тӯтинома», «Синдбоднома», «Калила ва Димна», «Самаки айёр», «Марзбоннома», «Абӯмуслимнома» ва ғайра.

2. Номинатсияи хондан ва аз ёд кардани осори адибони муосири тоҷик

ғазал - на кам аз 100 ғазал (аз Садриддин Айнӣ, Туғрали Аҳрорӣ, Ҳоҷӣ Ҳусайни Кангуртӣ, Абулқосим Лоҳутӣ, Пайрав Сулаймонӣ, Мирзо Турсунзода, Аминҷон Шукуҳӣ, Боқӣ Раҳимзода, Мирсаид Миршакар, Абдусалом Деҳотӣ, Ҳабиб Юсуфӣ, Аскар Ҳаким, Бозор Собир, Лоиқ Шералӣ, Ҳақназар Ғоиб, Гулрухсор Сафиева, Гулназар Келдӣ, Сайдалӣ Маъмур, Ҳабибулло Файзулло, Ғаффор Мирзо, Мӯъмин Қаноат, Қутбӣ Киром, Ашӯр Сафар, Ғоиб Сафарзода, Шоҳмузаффар Ёдгорӣ, Ширин Бунёд, Камол Насрулло, Низом Қосим, Муҳаммад Ғоиб, Ҳадиса Қурбонова, Меҳринисо, Фарзона, Рустами Ваҳҳоб, Искандари Хатлонӣ, Озарахш, Озар ва дигарон);

рубоӣ ва дубайтӣ - на кам аз 120 рубоӣ ва дубайтӣ (Садриддин Айнӣ, Абулқосим Лоҳутӣ, Мирзо Турсунзода, Аминҷон Шукуҳӣ, Боқӣ Раҳимзода, Аскар Ҳаким, Лоиқ Шералӣ, Ҳақназар Ғоиб, Гулрухсор Сафиева, Гулназар Келдӣ, Ҳабибулло Файзулло, Мӯъмин Қаноат, Қутбӣ Киром, Ашӯр Сафар, Ғоиб Сафарзода, Шоҳмузаффар Ёдгорӣ, Ширин Бунёд, Камол Насрулло, Низом Қосим, Муҳаммад Ғоиб, Ҳадиса Қурбонова, Меҳринисо, Фарзона, Рустами Ваҳҳоб, Искандари Хатлонӣ, Озарахш, Озар ва дигарон);

порча аз достон - на кам аз 150 байт (аз Садриддин Айнӣ, Туғрали Аҳрорӣ, Ҳоҷӣ Ҳусайни Кангуртӣ, Абулқосим Лоҳутӣ, Мирзо Турсунзода, Мирсаид Миршакар, Аскар Ҳаким, Ҳақназар Ғоиб, Гулрухсор Сафиева, Сайдалӣ Маъмур, Ғаффор Мирзо, Мӯъмин Қаноат, Сафармуҳаммад Аюбӣ, Ҳадиса Қурбонова ва дигарон);

дигар навъҳои шеърӣ-100 байт аз шоирони муосири тоҷик.

осори мансури (насрии) муосир - роман – 30 номгӯй, повест – 40 номгӯй, ёддоштҳо – 5 номгӯй, ҳикояву новелла – 50 номгӯй (аз Садриддин Айнӣ, Ҳаким Карим, Пулод Толис, Ҷалол Икромӣ, Раҳим Ҷалил, Сотим Улуғзода, Фотеҳ Ниёзӣ, Фазлиддин Муҳаммадиев, Абдумалик Баҳорӣ, Ҷумъа Одина, Муҳиддин Хоҷаев, Урун Кӯҳзод, Сорбон, Кароматулло Мирзоев, Саттор Турсун, Абдулҳамид Самад, Юсуф Акобир, Ҷонибек Акобир, Бароталӣ Абдураҳмон, Баҳманёр, Сайф Раҳим, Маҷид Салим ва дигарон).

3. Номинатсияи хондан ва аз ёд кардани ашъори бачагона
ва афсонаҳои халқи тоҷик:

- осори насрӣ - 50 номгӯй, осори назмӣ - на кам аз 1000 байт (аз эҷодиёти Мирсаид Миршакар, Гулчеҳра Сулаймонова, Аминҷон Шукӯҳӣ, Абдумалик Баҳорӣ, Нӯъмон Розиқ, Убайд Раҷаб, Акобир Шарифӣ, Мавҷуда Ҳакимова, Алӣ Бобоҷон, Нозирҷон Боҳирӣ, Ҷӯра Ҳошимӣ, Латофат Кенҷа, Юсуфҷон Аҳмадзода, Азизи Азиз ва дигарон, инчунин афсонаҳои халқи тоҷик, чистону латифаҳо ва ғайраҳо).

4. Номинатсияи хондан ва аз ёд кардани осори адибони ҷаҳон:

- осори насрӣ - 70 номгӯй, осори назмӣ - на кам аз 1000 байт (аз эҷодиёти Ҷек Лондон, Виктор Гюго, Ги де Мопассан, Марк Твен, Эрнест Хеменгуэй, Ромен Роллан, Виллям Шекспир, Томас Майн Рид, Мигел де Сервантес, Даниел Дефо, Оноре де Балзак, Гёте, Алигери Данте, Франсуа Рабле, Рюноскэ Акутагава, Александр Дюма, Александр Пушкин, Лев Толстой, Юрий Лермонтов, Антон Чехов, Максим Горкий, Владимир Маяковский, Сергей Есенин, Ҳамза Ҳакимзода Ниёзӣ, Абдулло Қодирӣ, Ғафур Ғулом, Мухтор Авезов, Олжас Сулаймонов, Чингиз Айтматов, Расул Ғамзатов, Теодор Драйзер, Олес Гончар, Янн Купала, Яккуб Колас, Самад Вурғун, Нодар Думбадзе, Оттар Чилладзе, Грант Матевосян, Ҷуброн Халили Ҷуброн, Рашод Нури, Робендранат Тагор, Стефан Тсвейг, Иқболи Лоҳурӣ, Муртазо Мушфиқ Козимӣ, Фурӯғи Фаррухзод, Парвини Эътисомӣ, Содиқ Ҳидоят, Нимо Юшиҷ, Нодири Нодирпур, Аҳмади Шомлу, Суҳроби Сипеҳрӣ, Муҳаммад Иқбол, Эраҷ Мирзо, Халилуллоҳи Халилӣ, Нусрати Раҳмонӣ, Бориқ Шафеӣ, Восифи Бохтарӣ, Маликушшуаро Баҳор, Мо Ян (Гуан Мое) ва дигарон).

http://president.tj/node/22436 

Сотрудничество