Ташрифи сафири Россия ба донишгоҳ

 10.03.2022

Санаи 10 марти соли равон сафири фавқулода ва мухтори Федератсияи Россия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Игор Лякин-Фролов ба Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С.Осимӣ ташриф оварданд.

Зимни ташриф муовини аввали вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷӯразода Ҷамшед, ректори Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С.Осимӣ Давлатзода Қудрат бо сафири фавқулода ва мухтори Федератсияи Россия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Игор Лякин-Фролов мулоқот анҷом дода, доир ба рушди ҳамкориҳо дар самти беҳтар кардани сатҳи таълим дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ ва муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ, таъмин намудани мактабҳо бо маводҳои таълимӣ-методӣ ва дигар масъалаҳои роҷеъ ба таваҷҷуҳи ҷонибҳо мавриди сӯҳбат анҷом доданд.

Инчунин, сафири фавқулода ва мухтори Федератсияи Россия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Игор Лякин-Фролов бо роҳбарият ва омӯзгорони литсейи техникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С.Осимӣ вохӯрӣ карда, аз номи Раиси Шурои федератсияи Маҷлиси федералии Федератсияи Россия Валентина Матвиенко шумораи зиёди маводҳои таълимӣ-методии чопи соли 2022-ро ба литсейи техникӣ тақдим намуданд.

Маводҳои таълимӣ-методӣ дар асоси дархости роҳбарияти Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С.Осимӣ дар доираи 20-солагии омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи маориф дастрас карда шуданд.

Дар давоми мулоқот ректори Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С.Осимӣ Давлатзода Қудрат ба сафири фавқулода ва мухтори Федератсияи Россия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Игор Лякин-Фролов вобаста ба дастовардҳои донишгоҳ, иқтидори илмӣ, вазъи таълим ва саҳми донишгоҳ дар татбиқи ҳадафҳои стратегии кишвар маълумот доданд.


Назад к списку

Сотрудничество