ЧОРАБИНИИ ТАРБИЯВӢ ДАР ХОБГОҲИ ДОНИШҶӮЁН

 05.02.2022

Рӯзи 1-уми феврали соли равон дар хобгоҳи №6-и донишҷӯёни донишгоҳ мутобиқи нақшаи корҳои тарбиявии факултети “Менеҷмент ва коммуникатсияҳои нақлиётӣ” чорабинии тарбиявӣ дар мавзӯи “Эҳтироми санъати миллӣ ва фарҳангу тамаддуни миллати тоҷик қарзи ҳар як шахс аст” доир гардид.

Дар чорабинии мазкур донишҷӯёне, ки дар хобгоҳи мазкур истиқомат мекунанд, устодони факултети “Менеҷмент ва коммуникатсияҳои нақлиётӣ”, сармутахассиси шуъбаи ташкилию тарбиявӣ – Саидов Б.Б., раиси итифоқи касабаи донишҷӯёни донишгоҳ  - Зоиров Ҳ.А., мутахассиси шуъбаи кор бо ҷавонон – Муминов Ф.С., муовини декан оид ба тарбия – Набизода М.Ш., муаллими калони кафедраи “СРИ ва КН” – Маҳмадов Ш.Р. ва дигарон иштирок намуданд.

Муаллими калони кафедраи “СРИ ва КН” – Маҳмадов Ш.Р. дар мавзӯи зикргардида баромад намуд. Ӯ доир ба фарҳангу тамаддуни миллати тоҷик баромади пурмуҳтаво намуда, ҳамгонро барои ҳифзу қадрдонии ганҷинаҳои таърихии тоҷик даъват намуд.

Ӯ қайд намуд, ки “Аз файзу баракати истиқлолият сулҳу субот ва ваҳдати миллӣ самтҳои афзалиятноку муҳимтарини сиёсати фарҳангии Тоҷикистон тарҳрезӣ ва зина ба зина татбиқ шуда, барои рушди устувор ва бемайлони фарҳанги миллӣ дар мамлакат фазои мусоиду озод фароҳам омад. Маҳз дар ин давра робитаҳои фарҳангӣ миёни Тоҷикистон ва дигар давлатҳои ҷаҳон густариш ёфта, мақоми шоиста пайдо намуд. Мисоли равшан баргузории барномаҳои муштараки фарҳангӣ дар дигар давлатҳо мебошад, ки расму оинҳои моро ба якдигар шинос месозанд. Албатта, имрӯз бо шарофати сиёсати дарҳои кушоди Пешвои миллат, инчунин фаъолияти ҳунармандону санъаткорони тоҷик Тоҷикистонро ҷаҳониён мешиносанду ба фарҳанги пурғановати мо баҳои баланд мегузоранд”. Дар охири суханронӣ Маҳмадов Ш.Р. аз таъкидҳо ва баромадҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пеншвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон доир ба фарҳангу тамаддуни миллати тоҷик иқтибосҳо овард.

Дар ниҳоят сармутахассиси шуъбаи ташкилию тарбиявӣ – Саидов Б.Б., муовини декан оид ба тарбияи факултети МваКН – Набизода М.Ш., мутахасиси шуъбаи кор бо ҷавонон – Муминов Ф.С. ва дигарон баромад намуданд.

Шуъбаи иттилоот ва робита бо ҷомеа.


Назад к списку

Сотрудничество