ҶАЛАСАИ ВАСЕИ ШӮРОИ ОЛИМОНИ ДОНИШГОҲ

 20.01.2022

Рӯзи 18-уми январ ҷаласаи васеи Шӯрои олимони ДТТ ба номи академик М.С. Осимӣ баргузор гардид. Дар ҷаласаи мазкур ҳисоботи солонаи ректори донишгоҳ дар назди Шӯрои олимони донишгоҳ шунида шуд.

Дар рафти ҷаласаи васеи Шӯрои олимон муовини Вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон - Собирзода Н.М. ва сардори раёсати сохтмон ва хоҷагии роҳи Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон - Аноятшоев А. низ иштирок намуданд.

Давлатзода Қ.Қ. - ректори Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С. Осимӣ доир ба фаъолияти донишгоҳ тӯли соли 2021 ҳисоботи муфассал пешниҳод намуд. Дар ҳисобот тамоми ҷабҳаҳои фаъолияти донишгоҳ бо факту рақамҳо ва презентатсияи пурмуҳтаво таҷассум ёфта буд.

Дар охир ба як қатор устодон ва кормандони донишгоҳ барои фаъолияти пурсамари меҳнатӣ даро омодасозии кадрҳои баландихтисоси муҳандисӣ аз ҷониби Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С. Осимӣ мукофотҳои соҳавӣ, ифтихорномаву сипосномаҳо супорида шуданд.

Шуъбаи иттилоот ва робита бо ҷомеа.


Назад к списку

Сотрудничество