ТАМОШОИ ДАСТАҶАМЪОНАИ ПАЁМИ РОҲБАРИ ДАВЛАТ ДАР ДОНИШГОҲ

 21.12.2021

Имрӯз коллективи профессорону устодон ва донишҷӯёни ДТТ ба номи академик М.С. Осимӣ дар толорҳои маҷлисгоҳ, лексионӣ ва хониши донишгоҳ ба таври дастаҷамъона Паёми имсолаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба парлумони кишварро тамошо карданд. Дар факултетҳои донишгоҳ, ки дар маҳаллаҳои гуногуни пойтахт ҷойгир аст, мутасаддиён барои намоиши пахши мустақими Паёми Роҳбари давлат дар толорҳои барҳаво шароит фароҳам оварданд.

Боиси қайд аст, ки ҳамасола Паёми Пешвои миллатро дар донишгоҳ бо ҳавас ва орзуҳои неки дурбинона ҳамагон тамошо менамоянд.

Шуъбаи иттилоот ва робита бо ҷомеа.


Назад к списку

Сотрудничество