МИЗИ МУДАВВАР БАХШИДА БА РӮЗИ ПАРЧАМИ ДАВЛАТӢ

 24.11.2021

Дар Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С. Осимӣ бахшида ба Рӯзи Парчами давлатӣ мизи мудаввар доир гардид. Дар чорабинии мазкур муовини раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Шоҳмансур Абдураҳимова Д. ва дигар намояндагони кумитаи ҳизбии ноҳия иштирок намуданд.

Чорабинӣ бо садо додани Суруди миллӣ оғоз ёфт. Муовини аввали ректори донишгоҳ, муовин оид ба таълим Маҳмадизода М.М. меҳмононро хайра мақдам гуфта, доир ба аҳамияти таҷлили Рӯзи Парчами давлатӣ, нақши ин муқаддасоти миллӣ ба худшиносиву ҳуввияти миллии ҷавонон ва аҳамияти таърихии Парчами давлатӣ маълумот дод. Баъдан муовини раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Шоҳмансур Абдураҳимова Д., устоди кафедраи фанҳои ҷомеашиносӣ Умаров А. ва донишҷӯйи курси 2-юми факултети Энергетикӣ - Ғуриев Ф. маърӯза карда, доир ба таърих, аҳамият ва дирӯзу имрӯзи Парчами давлатӣ маълумоти муфассал доданд.

Дар охири чорабинӣ ба як қатор фаъолон сипосномаҳои КИ ҲХДТ дар ноҳияи Шоҳмансур супорида шуд.

Шуъбаи иттилоот ва робита бо ҷомеа.


Назад к списку

Сотрудничество